Навсозии шоҳроҳи дарозтарин дар Суғд
Хуҷанд, 24.11.15. (АМИТ «Ховар»). -Ба иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд дар миқёси вилоят боз як лоиҳаи калони байналмилалӣ, таъмиру навсозии яке аз шоҳроҳҳои дарозтарин дар вилоят — шоҳроҳи минтақаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов- Бобоҷон Ғафуров -Конибодом -Исфара то минтақаи сарҳадии Қирғизистон бо харҷи 56 миллион доллари амрикоӣ амалӣ хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд зимни сафари кориӣ ба ноҳияи Конибодом, аз минтақаи ин роҳ дидан намуда, баён дошт, ки шаҳри Конибодом дар маркази ин шоҳроҳ қарор дорад ва ба туфайли ин иқдом метавонад аз як тараф бо шаҳри Хуҷанд, аз тарафи дигар бо шаҳри Исфараву Ҷумҳурии Қирғизистон ва ниҳоят аз самти дигар бо водии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути деҳаи Патар пайваст шуда, шароити мусоиди рафтуомад дошта бошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






