Назорат болои баланд шудани қурби доллари ИМА пурзӯр мешавад

Ноябрь 30, 2015 11:42

Душанбе, 30.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Вазъи  феълии бозори дохилии асъор, сабабҳои баланд шудани қурби доллари ИМА ва роҳҳои ба эътидол овардани ҳолати баамаломада, пешгирӣ кардани омилҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти хариду фурӯши асъор ба таври ошкоро ва ҷиддӣ дар ҷаласаи корие, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбарони бонкҳо ва ташкилоти маблағгузории хурди ҷумҳурӣ баргузор намуд, баррасӣ гардид.
Тавре ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, бо вуҷуди он ки бонкҳои кишвар то андозае сатҳи хизматрасониро беҳтар кардаанд, ҳанӯз дар фаъолияти онҳо камбудиҳо зиёданд, махсусан дар бахши назорат аз болои амалиётҳои марбут ба мубодилаи асъори хориҷӣ, ҷалби амонатҳо ва пешниҳоди қарзҳо ба аҳолӣ ҳодисаҳои ташвишовар ба қайд гирифта шудаанд.
Номбурда зикр кард, ки дар муддати чанд моҳи охир фаъолияти бештар аз 800 нуқтаи мубодилаи асъори шахсони воқеӣ қатъ гардида, бо қарори марбута аксарияти онҳо ба сохторҳои ташкилоти қарзӣ шомил шуданд. Бо вуҷуди ин, вазъи бозори асъор ба ҷуз дар як муддати кӯтоҳ бо иллати паст будани масъулият ва аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ва дар дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда нашудани назорат аз болои кори нуқтаҳои мубодилаи асъор болоравии босуръати қурби доллари ИМА ба миён омад.      
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз ҳолати мавҷуда кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор аз усулҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ моҳирона истифода бурда, бидуни ягон асос қурби асъори хориҷиро баланд бардошта, даромади муфт ба даст оварданд.
Нурмаҳмадзода таъкид кард, ки бо мақсади паст кардани шиддати вазъ дар бозори дохилии асъор ва пешгирӣ кардани амалҳои номатлуб ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши асъори нақд, Бонки миллии Тоҷикистон якчанд чораи таъсирбахшро, ки бо амалӣ шудани онҳо талабот боз қатъитар мегардад, ба роҳ мемонад. Дар ин робита, нисбат ба ташкилоти қарзие, ки талаботи Бонки миллиро иҷро накардаанд ва ё худсарона вайрон намудаанд, чораҳои муҷозотӣ дар шакли ҷаримаҳои калон андешида мешаванд. Илова бар ин, супориш дода шуд, ки дар ҳамаи ташкилоти қарзӣ ситодҳои фаврии доимӣ ташкил  шуда, ҳамарӯза натиҷаи кори онҳо ҷамъбаст ва қарорҳои дахлдор қабул шаванд. Ҳамчунин барои пурзӯр кардани назорат аз болои иҷрои талаботи ҳатмӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба қонунгузорӣ тағйироту иловаҳо ворид мешаванд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбарони ташкилоти қарзӣ бо мақсади ба эътидол овардани вазъи бозори дохилии асъор  андешаҳои худро дар бораи ба роҳ мондани ҳамкории зич байни бонкҳо, ба низом даровардани таносуби фоизи амонатҳо ва қарзҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, беҳтар кардани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор, марказҳои хизматрасонии бонкҳо ва тағйир додани реҷаи кори онҳо пешниҳод намуданд.

Ноябрь 30, 2015 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд