Низомиёни Афғонистон дар 9 вилояти кишвар амалиёти поккориро роҳандозӣ намуданд

Ноябрь 5, 2015 05:21

Душанбе, 05.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Шабонарӯзҳои  гузашта  дар минтақаҳои  мухталифи  Афғонистон  амалиётҳои  поккорӣ  рӯи  кор  оварда,  бар  асари онҳо,  мувофиқи  ҳисоботи  Вазорати  корҳои  дохилии  ҶИА, 47  нафар силоҳбадастон  кушта шуданд. 
Дар  хабарҳои  ба  қарибӣ дарҷнамудаи мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ ва мудофиаи Афғонистон   гуфта  мешавад, ки  амалиётҳои  ҳарбӣ  дар ҳудуди  вилоятҳои Нангарҳор,  Тахор,  Қундуз,  Бадахшон, Қандаҳор,  Урузгон,  Пактика,  Пактиё  ва  Ҳилманд  сурат  гирифтанд. 
Дар  ҷараёни  амалиётҳои  ҳарбӣ мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ аз қувваҳои  шӯришгар  як  миқдор  аслиҳа,  ҳамчунин  лавозимоти  ҷангиро  мусодира  намуданд. Ғайр  аз  ин,  посдорони  тартибот қариб 10  асбоби  мухталифи  таркандаро  пайдо  ва  безарар  гардониданд.
Қувваҳои  артиши  миллии  Афғонистон  ҳангоми  амалиёти  ҳарбӣ талафот  доданд. Аз  ҷумла,  бар  асари  таркиши  минаҳо ва  оташфишонии ҳариф  5  нафар хидматчиёни  ҳарбӣ  ҳалок  шуданд.

Ноябрь 5, 2015 05:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст