Оқибати нохуши садамаи нақлиётӣ

Ноябрь 25, 2015 05:45

Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-24 — уми ноябр ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 39-солаи ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди деҳаи Лакати ҷамоати деҳоти Зарҳалоли ноҳияи Истаравшан аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба қафои мошини боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки ба сокини 48-солаи шаҳри Истаравшан тааллуқ дорад, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Ноябрь 25, 2015 05:45

Хабарҳои дигари ин бахш