Омӯзгорони Академияи ВКД бо рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардиданд
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Дирӯз, 9-уми ноябр дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди таҷлили Рӯзи милитсия маросими тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Академия иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотираи кормандоне, ки зимни адои хизмат ҳалок гардидаанд, эълон гардид. Сипас, парчами Академияи ВКД ба майдон ворид карда шуда, Суруди миллӣ садо дод.
Сардори Академияи ВКД Файзалӣ Шарифзода ҳайати шахсиро бо ҷашни касбии кормандони милитсия табрик карда, дар фаъолияти пуршарафашон бурдборӣ таманно намуд.
Зикр гардид, ки донишҷӯёни Академия танҳо бо таҳсили хуб ва интизоми намунавӣ номбардорони падарон, такягоҳи давлату ҷомеа дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон мегарданд. Дар идомаи чорабинии идона ҳайати омӯзгорону донишҷӯён низ суханони табрикӣ гуфтанд.
Ҳамчунин бо фармонҳои вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияи ВКД ба як гурӯҳ омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки нисбат ба кору таҳсил муносибати софдилонаю рафтори намунавӣ доштанд, рутбаҳои навбатӣ ва мукофотҳо тақдим гардиданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






