Ҷон Ҷиҳодӣ дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҳалокат расидааст

Ноябрь 13, 2015 10:06

Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Низомиёни амрикоӣ 99% бовар доранд, ки яке аз ҷаллодон ва ё қаноти асосии гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ»  Муҳаммад Эмвазӣ, ки бештар бо номи Ҷон Ҷиҳодӣ маъруф аст, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба шабакаи «Fox News» хабар додааст. Қабл аз ин  сухангӯи Пентагон Питер Кук изҳор дошт, ки шоми дирӯз,  12 ноябр  ҳавопаймоҳои бесарнишин минтақаҳои гуногуни шаҳри Раққаи Сурияро, ки яке аз маконҳои аслии гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» дониста мешавад,  ҳадафи хеш қарор додаанд. Дар шаҳри Раққа Ҷон Ҷиҳодӣ  ҳангоме, ки аз  манзили зист берун шуда савори нақлиёт мегардид, мавриди ҳамла қарор мегирад. Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯи бритониёии маъруф бо номи Ҷон Ҷиҳодӣ, узви гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ»   баъди он, ки моҳи августи соли 2014 рӯзноманигори амрикоӣ Ҷеймс Фоулиро сар бурид,  маъруф гардид. Моҳи марти соли равон ВАО расми ҳақиқии ӯро аз  варақаҳои даврони донишҷӯияш нашр намуданд. Маълум гардид, ки номи аслии ин ҷангҷӯи ифротӣ Муҳамад Эмвазӣ буда, 17-уми августи соли 1988 дар Қатар ба дунё омада, соли 1993 бо волидонаш ба  Британияи Кабир кӯч бастаанд. 

Ноябрь 13, 2015 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ