Панҷакент: 5299 сабти таваллуд дар даҳ моҳ

Ноябрь 23, 2015 04:02

  Панҷакент, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)- и шаҳри Панҷакент Мавҷуда Собирова кормандони бахши мазкур дар давоми даҳ моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо 14 ҷамоати деҳот ҳолатҳои шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифтанд, ки аз ин шумора 5299 адад сабти таваллуд, 956 ҳолат  сабти вафот,  180  ҳолати бекор кардани никоҳ, 1862 адад никоҳ  ва 990  ҳолат иваз намудани  ному насаб мебошад. 
     Кормандони марказ дар ин муддат аз ҳисоби боҷи шаҳодатномаҳои такрорӣ ва иваз намудани ному насаб ба буҷаи маҳаллӣ 79 ҳазору 200  сомонӣ ворид намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1100 сомонӣ зиёд аст.  
 

 

Ноябрь 23, 2015 04:02

Хабарҳои дигари ин бахш