Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2015 10:56

Душанбе, 23. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи парчам маҷлиси тантанавӣ бо иштироки академикон ва мутахассисону аспирантони академия баргузор гардид. Президенти академия Фарҳод Раҳимӣ ҳамаи ҷамъомадагонро бо Рӯзи парчам табрик намуда, гуфт, ки имрӯз парчами мо нишони соҳибфарҳангӣ, соҳибдавлатӣ ва  соҳибтамаддунии мардуми тоҷикро таҷассум намуда,  дар фазои тинҷу ором парафшон аст. 
«Мо имрӯз зери парчами давлатӣ фаъолият дорем, зери парчами давлатӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сиёсати созандагӣ ва бунёдкориро пеш бурда истодааст ва мардуми тоҷик бо  ҳаёти шоиста таъмин  мешавад»,-изҳор кард Ф.Раҳимӣ. 
Дар маҷлис доктори илмҳои ҳуқуқ И. Буриев дар мавзӯи «Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон», доктори илмҳои ҳуқуқ  А. Неъматов дар мавриди «Заминаҳои ҳуқуқии истифодаи Парчами давлатии ҶТ» ва номзади илми таърих  Абдулло Ғафуров  оид ба  таърихи парчамдории Тоҷикистон маърӯза карданд. 
Дар чорабинӣ маърӯзачиён  аз   таърихи пайдоиши парчам, паҳлӯҳои сиёсӣ ва арзишҳои парчам барои давлату кишвар ёдовар шуданд. 

Ноябрь 23, 2015 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад