«Парчамат тобанда бод, эй Тоҷикистони азиз! » -озмун

Ноябрь 13, 2015 04:34

Файзобод,13.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод  барои таҷлили  Рӯзи Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ноҳия чорабиниҳои таблиғотию фарҳангӣ ва адабию сиёсӣ баргузор менамояд. 
Шуъбаи  маорифи ноҳия бахшида ба Рӯзи Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар байни хонандагони синфҳои  10 ва 11 дар ҳудуди ноҳия  озмуни иншои беҳтаринро дар мавзӯи » Парчамат  тобанда бод, эй Тоҷикистони азиз! »  ташкил намудааст, ки ғолибони онро туҳфаҳои ҳукумати ноҳия ва шуъбаи маориф интизоранд.
Инчунин насби Парчами давлатӣ  дар ҷамоатҳо,  ташкилоту корхонаҳо, кӯчаҳо ва биноҳои баландошёнаи ноҳия,  гузаронидани  мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳудуди ноҳия, баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи » Парчам- рамзи  давлатӣ  ва муқаддасоти  миллӣ»,   мулоқоту суҳбатҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  ва роҳпаймоӣ дар маркази ноҳия  бо иштироки ҷавонон, кормандони ташкилоту муасисаҳо ва сокинон  дар назар аст.

Ноябрь 13, 2015 04:34

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид