Парчами давлатӣ нишон аз ғановату асолати таърихиву фарҳангии миллати тоҷик аст
Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-23 ноябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи парчам чорабинӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад вазири маориф ва илм Нуриддин Саид иброз дошт, ки Парчами миллии мо нишон аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик буда, мардуми ин сарзамин дар ҳар давраи таърихӣ маҳз зери Парчами миллии худ ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ расидаанд.
Муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев ва сардори раёсати илм ва инноватсияи вазорат Хуршед Зиёев афзуданд, ки Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар Парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эътимори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






