«Пирони кӯҳистони Хатлон»-маводи таърихӣ оид ба уламо ва авлиёи Хатлонзамин
Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Ба наздикӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанг китоби Раҷаб Асозода ва Ҳотам Асозода таҳти унвони «Пирони кӯҳистони Хатлон» (бахшида ба 700 — умин солгарди зодрӯзи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) аз чоп баромад.
Муаллифони китоби «Пирони кӯҳистони Хатлон» (бахшида ба 680 — солагии зодрӯзи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ) — ро бори аввал соли 2006 чоп намуда буданд.
Дар нашри аввал онҳо маводи таърихиро оид ба уламо ва авлиёи Хатлонзамин, аз зумраи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста, Бибӣ Савро ва Бибӣ Навро, Шайх Шамсиддини Хатлонӣ гирдоварӣ кардаанд.
Дар нашри дуюм зиндагиномаи беш аз сӣ олиму адиб, соликону орифони забардасти Хатлонзамин, ба мисли Мавлоно Тоҷиддин, Хоҷаи Нур, Шайх Шақиқи Балхӣ, Султон Увайси Қаранӣ, Имом Ҷаъфари Содиқ, Имом Ҳасани Аскарӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Хоҷа Исҳоқи Валӣ маълумоти пурарзиш инъикос ёфтааст.
Китоб барои донишҷӯёни макотиби олӣ, устодони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишкадаю донишгоҳҳои кишвар пешбинӣ шудааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






