Сафари Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Санкт-Петербург
Душанбе, 25.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард. Интизор меравад, ки ҳайати палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯро ва иҷлосияи чилусеюми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, кори комиссияҳои доимии он, ҷаласаи шӯро ва иҷлосияи ҳаштуми пленарии Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/, ки 26-27 ноябри соли равон дар Санкт -Петербург баргузор мегарданд, иштирок менамояд.
Дар сафар раиси Маҷлиси миллиро раисони кумитаҳои палатаи болоии Парлумони мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Фарҳод Раҳимӣ, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ва узви кумитаи Маҷлиси миллӣ Зикрихудо Самадов ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии СААД мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони парлумонҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар назар дошта шудааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






