Шӯрои амнияти СММ оид ба мубориза бо «ДИ» ва «Ал-Қоида» қатънома қабул кард
Душанбе, 21.11.2015 (АМИТ «Ховар»). -Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи омода намудаи Фаронсаро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди террористони гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва «Ал-қоида» қобили қабул донистааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.
Санади мазкур аз тарафи ҳамаи 15 аъзои Шӯрои амният дастгирӣ ёфт. Санад аз давлатҳои узви СММ, ки имконият доранд, даъват мекунад, ки ҳамаи тадбиру чораҳои ба ҳуқуқи байналмилал мувофиқро амалӣ карда, мубориза ба муқобили гурӯҳҳои калони ифротии ДИИШ ва «Ҷабҳат-ан-Нусра»-ро тақвият бахшида, онро ҳамоҳанг гардонанд, то ин ки содиршавии амалҳои террористӣ бартараф шавад.
Қатънома гурӯҳи «Ҷабҳат-ан-Нусра» ва ҳама гурӯҳҳои дигари бо «Ал-қоида» робитадоштаро ҳамчун хатар ба субот ва амнияти байналмилалӣ муаррифӣ карда, даъват мекунад, ки лонаи террористон, ки дар ҳудудҳои Ироқ ва Сурия бунёд шудааст, несту нобуд карда шавад. Дар қатънома амалҳои террористие, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» 26-уми июн дар шаҳри Суссеи Тунис, 10-уми октябр дар Анқара, 31-уми октябр дар ҷазираи Синай, 12-уми ноябр дар Бейрут ва 13-уми ноябр дар Париж содир карданд, шадидан маҳкум гардида, ба шаҳрвандон ва ҳукумати Тунис, Туркия, Русия, Лубнон ва Фаронса изҳори тасаллият баён шудааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






