Шӯрои амнияти СММ оид ба мубориза бо «ДИ» ва «Ал-Қоида» қатънома қабул кард

Ноябрь 21, 2015 07:35

Душанбе, 21.11.2015 (АМИТ «Ховар»). -Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи омода намудаи Фаронсаро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди террористони гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва «Ал-қоида» қобили қабул донистааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.
Санади мазкур аз тарафи ҳамаи 15 аъзои Шӯрои амният дастгирӣ ёфт. Санад аз давлатҳои узви СММ, ки имконият доранд, даъват мекунад, ки ҳамаи тадбиру чораҳои ба ҳуқуқи байналмилал мувофиқро амалӣ карда, мубориза ба муқобили гурӯҳҳои калони ифротии ДИИШ ва «Ҷабҳат-ан-Нусра»-ро тақвият бахшида, онро ҳамоҳанг гардонанд, то ин ки содиршавии амалҳои террористӣ бартараф  шавад.
Қатънома гурӯҳи «Ҷабҳат-ан-Нусра» ва ҳама гурӯҳҳои дигари бо «Ал-қоида» робитадоштаро ҳамчун хатар ба субот ва амнияти байналмилалӣ муаррифӣ карда, даъват мекунад, ки лонаи террористон, ки дар ҳудудҳои Ироқ ва Сурия бунёд шудааст, несту нобуд карда шавад. Дар қатънома амалҳои террористие, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» 26-уми июн дар шаҳри Суссеи Тунис, 10-уми октябр дар Анқара, 31-уми октябр дар ҷазираи Синай, 12-уми ноябр дар Бейрут ва 13-уми ноябр дар Париж содир карданд, шадидан маҳкум гардида, ба шаҳрвандон ва ҳукумати Тунис, Туркия, Русия, Лубнон ва Фаронса изҳори тасаллият баён шудааст.

 

Ноябрь 21, 2015 07:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд