Шаҳрдорӣ аз танбашавии воситаҳои нақлиёт ҷилавгирӣ менамояд
Душанбе, 17.11.2015.(АМИТ “Ховар”).- Минбаъд ҳамарӯза нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии коммуналӣ ва хусусӣ дар пойтахт то соати 5-50 дақиқа дар хатсайрҳо ба фаъолият оғоз намуда, он аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятии созмондодаи шаҳрдорӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандӣ назорат мешавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи шаҳрдорӣ бо ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе баррасӣ шуд. Дар ҷаласа вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҷилавгирӣ аз танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳои пойтахт матраҳ гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси пешниҳоди шаҳрдорӣ барои субҳгоҳон пешгирӣ намудани тамбашавии нақлиёт дар хатсайрҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ соати дарсӣ дар макотиби олии кишвар шурӯъ аз 16 ноябр аз соати 7:30 дақиқа оғоз мегардад.
Инчунин дар ҷаласа таъкид гардид, ки фаъолияти бонизоми хатсайрҳои нақлиётии аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ убуркунанда, ки ба кормандон ва муштариёни “Ҳунаристон”-и Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ва дигар шаҳрвандон хизмат мерасонанд, таҳти назорат гирифта шаванд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






