Шайх Аҳмад Ал-Тайиба: терроризм маризиест, ки динро ҳамчун пӯшиш истифода мебарад
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Шайх Аҳмад Ал-Тайиба, раиси Донишгоҳи Ал-Азҳар, дар ҷаласаи Шӯрои мусалмонони аршад ҳамлаҳои террористӣ дар Париж ва меҳмонхонаи Малиро қотеона маҳкум кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ин амал бо исломи ҳақиқӣ ҳеҷ умумияте надорад ва ҳаргиз набояд исломро бо ҷиноятҳои содиршуда махлут кард. «Танҳо ба хотири нидоҳои «Аллоҳ Акбар» гуфтани террористони маргталаб ва харобкорони Сурияву Ироқ, ин ҷиноятҳоро ба ислом нисбат додан беадолатӣ ва таассуби ошкор хоҳад буд»,-изҳор дошт Тайиба. Ба ақидаи Шайх терроризм он фалсафаи ҳаёт мебошад, ки пайравони он барои нобудӣ омодаанд. Эҳтимоли зиёд он аст, ки: «ин як ихтилоли ақлонӣ ва равонӣ буда, дин дар ин миён ҳамчун пӯшише истифода мегардад».








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






