Шиносоии Сарвазир бо фаъолияти марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода 21 ноябр бо фаъолияти марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ҷараёни корҳои бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 шинос шуд.
Татбиқи лоиҳаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дар якҷоягӣ бо мутахассисони ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо маром идома дошта, тибқи нақша мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он дар поёни соли 2016 ба нақша гирифта шудааст. Навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 аз ду агрегат иборат буда, тавоноии умумии онҳо 300 мегаваттро ташкил медиҳад. Баробари мавриди истифода қарор додани навбати дуюм иқтидори умумии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 дар маҷмўъ ба 400 мегаватт расонида мешавад. Дар корҳои бунёди навбати дуюми Маркази барку гармидиҳӣ дар айни замон 920 коргар ҷалб гардида, дар қитъаҳои алоҳида машғули сохтмон ва насбу васли таҷҳизоти корӣ мебошанд. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёди марҳилаи дуюми МБГ Душанбе -2 ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, насбу васли таҷҳизоти техникӣ, бунёди хаттҳои интиқоли гармӣ ва анборҳои захираи ангиштсанг таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Тавре ки маълум аст, навбати якуми МБГ Душанбе-2 бо истифода аз ангиштсанг фаъолият карда, мувофиқи маълумоти мутахассисон дар айни замон барои муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаи 90 мегаватт неруи барқ ва 38 гекакалория гармӣ дар як шабонарўз 1.500 тонна ангиштсанг истифода мешавад. Хотиррасон бояд кард, ки интиқоли гармӣ асосан ба иншоот ва манзилҳои истиқоматии минтақаҳои гуногуни ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз агрегатҳои навбати якуми МБГ Душанбе -2 аз 10 ноябри соли равон оғоз гардида, дар айни замон танҳо таъмини гармӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои андешидани тадбирҳо дар масъалаи таъмини оби гарм дар якҷоягӣ бо гармӣ мутахассисони комплекси энергетикии мамлакат вазифадор карда шуданд.
Хамчунин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамон рўз бо ҷараёни корҳои таъмирию навсозии Корхонаи дегҳои муттаҳидаи ғарбии шаҳри Душанбе шинос шуд. Иқтидори ин корхона ба 40 гека- калория гармӣ баробар буда, тибқи нақша он дар мавсими сармои соли равон дубора ба фаъолият оғоз менамояд. Дегхонаи ғарбии шаҳри Душанбе асосан барои таъмини қисмати шимолу ғарби пойтахт бо гармӣ пешбинӣ шуда, дар айни замон дар коргоҳҳои алоҳидаи он марҳилаи охири корҳои навсозӣ ҷараён дорад.
Дар ситоди корие, ки дар ҳузури Сарвазири малакат баргузор шуд, асосан масъалаҳои вобаста ба таъминоти пойтахти мамлакат бо гармӣ дар давраи тирамоҳу зимистон, андешидани тадбирҳои бетаъхир барои дар баробари гармӣ бо оби гарм таъмин намудани иншоот, омодасозии иншооти шаҳри Душанбе ба қабули гармӣ, захираи кофии ангиштсанг барои фаъолияти мунтазами марказҳои барқу гармидиҳӣ ва давра ба давра васеъ намудани минтақаҳои бо гармӣ таъминшавандаи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулини соҳа барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон, афзун намудани иқтидори марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва таъмини онҳо бо ангишт, вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ дар миёни сокинони пойтахти мамлакат вобаста ба мусоидат намудан ба таъмини шароити қабули гармӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва дигар биною иншооти маъмурию хизматрасонӣ вазифадор шуданд.








Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд






