Қӯшунҳои сарҳадӣ: Савганди ҳарбии беш аз 300 сарбоз
Душанбе, 26.11.2015. (АМИТ Ховар).-Бахшида ба рӯзи таҷлили Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли равон дар маркази таълимии «Пойтахт»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ беш аз 300 сарбози навдаъват савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини аввали фармондеҳ-сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Ҳабибулло Сафаров, сардори маркази таълимии «Пойтахт»-и қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-майор Саидамир Одинаев, намояндагони сарҳадии Федератсия Русия дар Тоҷикистон, собиқадорони қӯшунҳои сарҳадӣ ва падарону модарони сарбозон иштирок доштанд.
Муовини аввали фармондеҳ — сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Ҳабибулло Сафаров гуфт, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳoи сокини ҷумҳурӣ мебошад ва вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ садоқат ба савганди ҳарбӣ мебошад.
Дар анҷом аз тарафи ансамбли ҳарбии «Марзбон»-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ барномаи идона намоиш дода шуд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






