Қӯшунҳои сарҳадӣ: Зиёда аз 400 сарбоз савганди хизмат ба Ватан ёд кард
Душанбе, 9.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли равон дар маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ беш аз 400 сарбози навдаъватшуда савганди ҳарбӣ ба Ватан ёд карданд.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Маҳмадалиев ҷамъомадагонро бо 21-умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, гуфт: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ- ин садоқат ба савганди ҳарбӣ мебошад. Моҳияти асосии савганди ҳарбӣ- ин қасами сарбоз барои ҳифзи сохти конститутсионии давлат, ҳифзи марзу буми Ватан, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият мебошад, ки имрӯз ин қавлу қасами муқаддасро Шумо дар назди Модар-Ватан додед».
Полковник Алишер Ёғибеков, полковники мустаъфӣ Сайфулло Мусоев, модари сарбоз Ибодат Мухиддинова аз шаҳри Панҷакент гуфтанд, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад. Хизмат кардан ба Ватан-Модар бояд барои ҳар як аскару афсар ифтихору шараф бошад ва онҳо Ватанро ҳамчун модари худ дӯст доранд ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Пас аз маросими савгандёдкунӣ, сарбозон ва ҳайати шахсии Маркази таълимии «Пойтахт» бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд, Муовини фармондеҳ генерал-майор Раҷабалӣ Маҳмадалиев бо падару модарон ҳамсӯҳбат шуда, ба онҳо миннатдорӣ баён намуд ки фарзандонашонро дар руҳияи садоқат, вафодорӣ ва ватандӯстӣ тарбият намудаанд, ки имрӯз онҳо ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ омада, ба сафи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ворид гаштаанд.
Дар ин бора майор Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти
Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






