Қӯшунҳои сарҳадӣ: Зиёда аз 400 сарбоз савганди хизмат ба Ватан ёд кард

Ноябрь 9, 2015 04:00

Душанбе, 9.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли равон дар маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ беш аз 400 сарбози навдаъватшуда савганди ҳарбӣ ба Ватан ёд карданд.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Маҳмадалиев  ҷамъомадагонро бо 21-умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, гуфт: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ- ин садоқат ба савганди ҳарбӣ мебошад. Моҳияти асосии савганди ҳарбӣ- ин қасами сарбоз барои ҳифзи сохти конститутсионии давлат, ҳифзи марзу буми Ватан, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият мебошад, ки имрӯз ин қавлу қасами муқаддасро Шумо дар назди Модар-Ватан додед».
Полковник Алишер Ёғибеков, полковники мустаъфӣ Сайфулло Мусоев, модари сарбоз Ибодат Мухиддинова аз шаҳри Панҷакент гуфтанд, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад. Хизмат кардан ба Ватан-Модар бояд барои ҳар як аскару афсар ифтихору шараф бошад ва онҳо Ватанро ҳамчун модари худ дӯст доранд ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.   
Пас аз маросими савгандёдкунӣ, сарбозон ва ҳайати шахсии Маркази таълимии «Пойтахт» бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд, Муовини фармондеҳ генерал-майор Раҷабалӣ Маҳмадалиев бо падару модарон ҳамсӯҳбат шуда, ба онҳо миннатдорӣ баён намуд ки фарзандонашонро дар руҳияи садоқат, вафодорӣ ва  ватандӯстӣ тарбият намудаанд, ки имрӯз онҳо ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ омада, ба сафи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ворид гаштаанд.
Дар ин бора майор Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти 
Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ноябрь 9, 2015 04:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид