Синдзо Абе: «Ҳамаи кишварҳо бояд дар мубориза бар зидди терроризм муттаҳид бошанд»
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Ҳамаи кишварҳо бояд дар мубориза бар зидди терроризм муттаҳид бошанд». Дар ин бора рӯзи якшанбе нахуствазири Япония Синдзо Абе дар як нишасти хабарӣ дар КУАЛА-ЛУМПУР-пойтахти Малайзия гуфтааст. Сарвазири Япония гуфт: «Имрӯзҳо терроризм ба арзишҳои умумибашарии ҷаҳон ҳушдор медиҳад. Бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бар зидди ин хатар тамоми воситаҳоро истифода барад». Ба ақидаи ӯ дар сатҳи байналмилалӣ ҷамъ омадани роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои «бист», дар нишасти сарони кишварҳои ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) ва нишасти Шарқу Осиё (МБ), худ баёнгари ҳамбастагии тамоми кишварҳо дар муқобили ин мушкилот мебошад».
Сарвазири Япония аз ҳамлаҳои террористии Париж ва ҳавопаймои Русия дар нимҷазираи Синайи Миср низ ёдовар шуда гуфтааст, ки кишвари Япония дар ҳамбастагӣ бо дигар кишварҳо барои мубориза бар зидди терроризм тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






