“Сомон Эйр” фарҳанги театрии тоҷиконро ба Тараз мебарад
Театр ҳатто дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт ҳамеша паҳлӯи мардум қарор гирифта, дар сарнавишти миллати тоҷик нақши басо муассир гузоштааст.
Э. Раҳмон
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар замони соҳибистиқлолӣ дар фазои фарҳангии мо як зумра падидаҳои тоза рӯи кор омаданд, ки дар шинохти ин ганҷи бебаҳои миллӣ аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми муассир доранд.
Маҳз дар даврони истиқлолият бо азму талошҳои аҳли фарҳанги кишвари соҳибихтиёри мо баргузории ҷашнвораҳо — озмуни театрии «Парасту», фестивалҳои байналмилалии театрии «Наврӯз», «Чодари хаёл», Фестивал-симпозиуми байналхалқии «Шашмақом», «Фалак», «Баҳористон» ва амсоли инҳо ба ҳукми анъана даромад.
Ҳамзамон ҳунарпешагони маъруфи тоҷик дар беш аз 80 давлати Аврупо ва Амрикову Осиё бо беҳтарин барномаҳо дар фестивалу ҷашнвораҳо истеъдоди асили миллии худро намоиш доданд. Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов низ бо намоишномаҳои ҷолиби худ дар фестивалҳои байналмилалӣ иштирок менамояд. Дар мавриди иштирок дар фестивали байналмилалӣ мо бо муовини директори Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов Зиёбой Тошев ҳамсуҳбат гардидем:
З. Тошев: Моро барои иштирок дар Фестивали сеюми байналмилалии театрии “Тонгешбай Алтарази ба Тараз даъват мекунад” ба шаҳри Тарази Қазоқистон даъват намуданд. Ин ҷашнвора ба ҳунари нақшофарии актёрон баҳо медиҳад ва мо ин пешниҳодро пазируфтем. Барои сафар мо аз паи ҷустуҷӯи маблағ шудем. Ҳангоми муроҷиат ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” роҳбарияти ин ширкат ба мо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, тахфифи олиҷаноб пешниҳод карданд. Мо аз роҳбарият ва кормандони ин ширкат барои дастгирию саховатмандӣ миннатдор мебошем. Тавре ки медонем, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ширкатҳое мебошанд, ки моро бо ҷаҳон пайваст мекунанд ва акнун «Сомон Эйр» фарҳанги театрии тоҷиконро дар симои мо дар ин фестивал мепайвандад.
Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов тӯли 10 соли охир бо иштирок дар фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалии театрӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ба наздикӣ ҳайати мо аз фестивали панҷуми байналмилалии театрии “Арт Ордо”, ки дар шаҳри Бишкеки Қазоқистон баргузор гашт, баргашт. Он ҷо мо ба ҳаводорон фоҷиаи “Иштибоҳ”-и Алберт Камюро дар таҳия ва коргардонии Нозим Меликов намоиш додем ва соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин режиссура” гардидем.
«Ховар»: Ба фестивали Тараз Шумо бо кадом намоишнома сафар карданиед?
З. Тошев: Мо баъди сафари бобарори Бишкек бо намоиши “Шабе дур аз Ватан”-андешаҳои театрӣ аз андешаҳои Бозор Собир, ки муаллиф ва коргардонаш Нозим Меликов аст, сафар карданием. Ин намоиш соли 2011 рӯи саҳна омада, дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалӣ аллакай иштирок кардааст. “Шабе дур аз Ватан”-ро дар баробари тамошобинони тоҷик, тамошобинони Кобули Афғонистон, Бишкек, Кишиневи Молдова ва Челябински Русия тамошо кардаанд. Ин намоиш баҳои баланди ҳакамон ва мунаққидонро сазовор гаштааст. Муваффақияти ин намоиш хеле зиёд аст. Намоиш мавзӯи муҳоҷиратро дар бар мегирад Намоиш аз ҳаёти марди муҳоҷири фарҳангӣ, ки бо амри тақдир дур аз Ватан афтодааст, ҳикоят мекунад. Вай ҳамеша ёди Ватан, зодгоҳ, волидайн, ҳамсару фарзандон, роҳу пайроҳаҳо, хасу хори Ватанро, ки барояш ниҳоят азизанду онҳоро пазмон шудааст, дунболагирӣ мекунад. Ин хотираҳо намегузоранд, ки ӯ каме ором бошад, дам бигирад, дар мулки ғарибӣ. Ин мушкилии рӯзмарраи на танҳо Тоҷикистон, балки бештари мардумони ҷаҳон мебошад, ки дар муҳоҷират қарор доранд.
«Ховар»: Дар мавсими нав Театри ҷавонон ба тамошобинон кадом намоишомаҳоро пешниҳод кард ва чӣ навгониҳо тамошобинонро интизоранд?
З. Тошев: Ҳар соли тақвимӣ театри мо барои тамошобинон чор намоишномаи навро пешкаш менамояд. Имрӯз дар бойгонии мо намоишҳои зиёде мавҷуданд. Аз ҷумла, беш аз 15 намоишнома барои калонсолон, 10 намоишнома барои хурдсолон. Мо сол, табъу завқи тамошобинонро ба назаор гирифта, намоишномаҳоро таҳия месозем. Соли 2015 мо барои тамошобинон намоиши “Сареву савдое”-ро рӯи саҳна гузоштем. Ин як бардошти ман ва устод Шавкат Халилов аз мазҳакаи драмманависи қирғиз мебошад, ки мо онро ба замони имрӯза мутобиқ гардонидем. Дар он мо масъалаҳои мубрами рӯзро пеш гузоштем, аз ҷумла ҳурмати падару модар, одоб, арҷ гузоштан ба забони модарӣ, ҳифзи суннати миллӣ ва риояи танзими урфу одатҳо дар ин намоиш дарҷ ёфтаанд. Дар саҳна муқовимати ду ҷониб, манфиатҷӯии ҳар нафар, ки андешаи дигар касро сарфи назар мекунад ва ин дарди ҷомеаи мо аст, акс ёфтааст.
Намоиши дигар “Модар, маро бубахш”, драмаи фоҷиавии Султоншоҳ Муқаддамов дар бораи бачаҳои хушахлоқу доное, ки гоҳе ба чанги бачаҳои каҷрафтор меафтанду нашъаманд мешаванд, мебошанд. Бинанда аз ин фоҷиа барои худ як бардошт мекунад. Моҷарои дигар- ин намоишномаи “Сари пода” аст, ки ин ҳазли ҷиддии Нурулло Абдуллоев мебошад. Дар намоиш муносибати байни мардуми як деҳа, ки аз тариқи лақаб муроҷиат мекунанд ва исми аслии якдигарро намедонанд. нишон дода шудааст. Мо дар ин намоиш ғайбати мардумро нишон додаем.
Соли дигар низ ҳаракат мекунем намоишҳои навро рӯи саҳна орем.
«Ховар»: Чун театр Театри ҷавонон унвон дорад, дар саҳнаи он ҷавонон ҳунарнамоӣ мекунанд ва чӣ гуна шумо ҷавононро барои кор ҷалб мекунед?
З. Тошев: Театри ҷавонон аввалин бор соли 1971 пардаи худро барои тамошобинон боз кард ва ин театрро 24 ҷавони тоҷик таъсис доданд. Дар айни ҳол 33 ҳунарманд дар театри мо фаъолият мекунанд. Ҳоло дастпарварони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба театр даъват мешаванд ва фаъолият доранд. Бояд гуфт, ки хатмкардагони ин донишкада истеъдоди хуб доранд ва дар намоишномаҳо ҷалб шудаанд. Донишкада кадрҳои хуб тайёр карда истодааст.
«Ховар»: Мушкилии ҷалби тамошобинон ба театр имрӯз низ вуҷуд дорад. Тавре ки медонем, бештари театрҳо маҷбуранд дар саҳнаи боғчаву мактабҳо ҳунарнамоӣ кунанд. Театри Шумо барои ҷалби тамошобинон чӣ корҳоро анҷом медиҳад?
З. Тошев: Театр макони афкору андеша аст ва мо намоишҳое пешниҳод мекунем, ки ҷолиб бошанд ва тамошобинон аз онҳо баҳра баранд. Ҷомеа бояд ба китобхонӣ, тамошои намоишҳои театрӣ ва филмҳои арзишманд рӯ орад. Вақте ҷомеа аз масоили иҷтимоӣ ба ахлоқӣ рӯ меорад, ин ҷомеа дар инкишоф хоҳад буд. Биноҳои театрҳои мо ҷавобгӯй ба талабот нестанд, зеро собиқ клубҳо ба театр мубаддал шудаанд. Дар ноҳияву шаҳрҳои кишвар низ бинои театр, ки қасри фарҳанг номгузорӣ шудаанд, вале нуру таҷҳизоташон коста аст ва театр намоиши худро дар чунин саҳнаҳо намоиш дода наметавонад. Агар як паҳлуи мушкилӣ ин бошад, тарафи дигар он аст, ки ба мо рисолати фарҳангро наомӯхтаанд. Ҷавонони мо имрӯз мусиқӣ, ҳунари рассомӣ, намоиши театрро дарк намекунанд. Сабаби тамошобинони зиёд надоштани театрҳои мо ҳамин аст. Бинобар ҳамин имрӯз кулли ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон ба мактабу муассисаҳои таълимӣ рӯ овардааст ва ҷомеа дар маҷмӯъ худро дар канор гузоштааст. Имрӯз зарур аст, ки мо аз боғча то мактаби олӣ кӯдакону ҷавононро тарбия кунем. Дар ин самт саҳми устодон низ зиёд аст.
-Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб Лайло Тоирӣ