Суғд: муҳоҷирон дар асоси қарордод сафар мекунанд
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Роҳи Абрешим” ва ҶДММ “Сомонэкспрестранс” сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ мондааст, зеро дар асоси шартнома ва ба ҷойи муайяншуда сафар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мебошад.
Дирӯз ҶДММ “Роҳи Абрешим” 7 муҳоҷири меҳнатиро ба шаҳри Тюмен ва 9 каси дигарро ба шаҳри Новосибирск, ҶДММ “Сомонэкспрестранс” 15 муҳоҷири меҳнатиро ба шаҳри Самараи Федератсияи Русия ба муҳлати 1 сол фиристонданд. Дар маросими гусел намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд риояи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия ва қоидаҳои буду бош дар ин кишварро ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ бурдан, фаҳмонида, варақаҳои роҳнамо барои муҳоҷирро тақдим намуданд.
Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






