Таҷлили Рӯзи Парчам дар ДМИТ
Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ- ин эҳтирому арҷгузорӣ ба он, бозгӯи якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст»,-гуфт ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) Ашурбой Солеҳзода зимни чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни Парчами давлатӣ.
Ашурбой Солеҳзода ҳозиринро бо Рӯзи парчами давлатӣ муборакбод намуда, афзуд, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, вай яке аз омилҳои муҳимми худшиносӣ маҳсуб мешавад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад.
Маърӯзаҳои устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Абдувоҳидова дар мавзӯи «Парчами Ковиён» ва Зоиршо Қодиров дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуданд. Зикр гардид, ки парчам аз замонҳои қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо — Коваи оҳангар будааст. Мояи ифтихори мост, ки имрӯз миллати моро аз тариқи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчами миллӣ мешиносанд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар донишкада мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯён доир гардид ва дар байни факултаҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ озмуни гӯшаи беҳтарин таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» гузаронида шуда, ғолибон бо ҷом ва дипломҳои дараҷаҳои гуногун сарфароз гардонда шуданд. Инчунин чанд нафар омӯзгор ва кормандони донишкада барои меҳнати софдилона ва пурмаҳсул бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






