Таҷлили Рӯзи парчам дар Хуҷанд
Хучанд, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва ботантана таҷлил гардид.
Субҳи барвақт наздики 15 ҳазор ҷавон бо парчами миллии дарозиаш 500 метр аз мавзеи «Гулбаҳор»- хиёбони И. Сомонӣ роҳпаймоии идонаро оғоз намуданд.
Дар сафи пеш наврасони дучархасавор ва картингронон бо парчами миллӣ иштирокдорони роҳпаймоиро роҳбаладӣ намуданд.
Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо шиорҳои «Парчами Тоҷикистон парафшон бод!» ва «Поянда бош Тоҷикистон» то маркази баргузории чорабиниҳои идона- пояи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омаданд.
Баъдан дар мавзеи номбурда бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд, фаъолон, собиқадорони меҳнат ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Баъди садо додани Суруди миллӣ муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода мардуми ҷамъомада ва сокинони вилояту шаҳрро бо иди Парчами миллӣ табрик намуданд.
Барномаи фарҳангии ҳунармандони маркази вилоят дар васфи ватан ва парчами миллӣ анҷомбахши чорабинии идона гардид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






