Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ
Душанбе, 24.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 24 ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва шукуҳи хосса таҷлил мешавад. Бахусус пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар ин рӯз қабои идона ба бар намудааст. Дар тамоми иншооти давлатӣ, биноҳои баландошёна, идораву муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт Парчами давлатӣ насб гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин рӯз ба ифтихори таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ аз назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то майдони «Дӯстӣ»- назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ /Маҷмааи ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон/ роҳпаймоии ҷавонону донишҷӯён гузаронида мешавад.
Ҳамзамон шаҳрдории Душанбе шоми имрӯз ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо ҳузури 8 ҳазор сокини пойтахт барномаи идонаи фарҳангиро тарҳрезӣ намудааст. Мавриди зикр аст, ки Парчами давлатӣ, дар радифи Сарқонуни асосии кишвар, Нишон ва Суруди миллӣ аз рукнҳои муқаддасоти миллӣ маҳсуб шуда, таҷассумгари соҳибистиқлолии кишвар ва ифтихори миллатамон аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






