Тадбирҳои лоиҳа барои беҳтаргардонии чарогоҳҳо

Ноябрь 20, 2015 09:02

Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ Ховар).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони Идоракунии самараноки чарогоҳҳо ва рушди устувори чорводорӣ: дастовардҳо, мушкилот ва нигоҳ  ба ояндаи соҳа бо иштироки олимону мутахассисон, коршиносони соҳавӣ, инчунин намояндагони ноҳияҳои Шӯрообод, Муъминобод,  Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, ки дар он Лоиҳаи Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо татбиқ шуда истодааст, конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо ва бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо мақсади ба роҳ мондани усулҳои самараноки истифода ва идораи чарогоҳҳо, тавассути чорабиниҳо ва тавсияҳои судманд бартараф намудани мушкилоти соҳаи чорводорӣ ва таъмини устувори рушди соҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо ҷараён гирифт. 
Директори  МД Маркази идораи Лоиҳаи Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо Саъдӣ Каримов, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мусоев, мудири бахши Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳасан  Холиқов, намояндаи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон Зайнаб Кенҷаева  оид ба мавзӯи мазкур  сухан гуфтанд.
Дар конфронс оид ба дастовардҳои лоиҳаҳои  марказ, саҳми Лоиҳаи Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо дар таъмини рушди институтсионалии соҳа, роҳҳои илман асоснокшудаи пеш бурдани соҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо, дастовардҳои соҳа ва таҷрибаи муосири рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо дар Қирғизистон ва Муғулистон маърӯзаю маълумот пешниҳод шуданд. Инчунин ҳолати кунунии чарогоҳҳои Тоҷикистон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо, хушзоткунии зоти чорво, фаъолияти заминавии шабакаи идораи чарогоҳҳо, усулҳои муайянкунандаи набототи чарогоҳу алафзор ва баҳодиҳии ҳосилнокии он, идораи экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Бо назардошти маърӯза, пешниҳоду ақидаҳои олимону мутахассисони соҳа барои рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, устувории корҳои лоиҳавӣ, барқарорсозӣ ва идораи устувори чарогоҳҳо тавсияҳои судманд қабул шуданд, ки дар оянда бо дастгирии марказ ва дигар сохторҳои марбутаи соҳавӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.   

 

Ноябрь 20, 2015 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ