Тахфифҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон барои интиқолдиҳандагон
Душанбе. 5. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар натиҷаи музокироти байни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Ӯзбекистон термин йуллар” ба пешниҳоди як зумра тахфифҳои дуҷониба барои интиқолдиҳандагони борҳои гуногун тавассути нақлиёти роҳи оҳан ноил гардиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 22 октябри соли равон аз ҷониби ҶС “Ӯзбекистон термин йуллар”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳод намудани тахфиф (коэффитсенти пасткунанда-0,85) барои интиқоли маҳсулоти нафтӣ, хокаи алюминий ва алюминий дар қитъаҳои роҳи оҳани Қудуқлӣ-Келес ва Қудуқлӣ-Қарақалпоқистон, инчунин барои бекор кардани коэффитсиенти зиёдкунанда (1,83) дар қиъаи роҳи оҳани Болдир- Қудуқлӣ дар давраи аз 15 октябри соли 2015 то 31 декабри соли 2015 барқиянома ворид гардид.
Дар пайвастагӣ ба ин аз ҷониби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ барқиянома аз 20 октябри соли 2015 барои пешниҳоди имтиёзҳо (коэффитсиентҳои имтиёзӣ 0,7 ва 0,85) барои интиқол аз тариқи қитъаи транзитии роҳи оҳани Тоҷикистон (Спитамен-Истиқлол) барои борҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод гардиданд.
Пешниҳоди тахфифҳо ба рушди ҳамлу нақли борҳо байни ду кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






