Ташхиси тиббии пеш аз никоҳ — кафолати оила ва ҷомеаи солим
Душанбе, 30. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Издивоҷ ва ё бунёди оила барои ҳар як шахс дар зиндагӣ қадами ҷиддӣ мебошад. Агар аз як тараф ин қадам ба навхонадорон хурсандӣ орад, дар бархе ҳолатҳо бори гарони онҳо мегардад. Яъне, дар бештар ҳолатҳо ҷавонон пеш аз бастани ақди никоҳ ба вазъи саломатии якдигар аҳамият намедиҳанду пас аз издивоҷ мушкилоти саломатӣ на танҳо ҷуфти навхонадор, балки хешу таборонро низ ба ташвиш меорад.
Маҳз ҳамаи инро ба инобат гирифта, 27 ноябр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар ҳолати қабул шудан, минбаъд арӯсу домод пеш аз хонадоршавӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.
Ҳадаф аз ин тадбир, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар асоси арзу шикоятҳои мардум андешида шудааст, пешгирӣ аз сирояти ноогоҳонаи бемориҳои вазнини гузаранда, аз ҷумла вируси норасоии масунияти бадан (СПИД), ба ҷавонони навхонадор аз ҳамдигар мебошад.
Чунонки зикр гардид, ҳаққи ба инобат гирифтан ё нагирифтани натиҷаи муоинаи тиббӣ ҳангоми хонадоршавӣ ба худи ҷавонон вогузор мегардад, яъне ин ташхис хислати тавсиявӣ дорад.
Бино ба гуфтаи сармутахассиси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ Шаҳодат Ҳайдарова агар мо хоҳем, ки оила солим бошад, мо, албатта, бояд ташхиси тиббиро аз мадди назар дур накунем. «Мо инро худ дер боз интизор будем. Мо таҷрибаи дигар мамлакатҳоро омӯхтем ва дар давлатҳое, ки ин қонун амал мекунад, пеш аз додани ариза барои бастани никоҳ бланкаҳои махсус бо номгӯи ташхисҳо дода мешавад ва онҳо дар муддати 2-3 ҳафта бояд тамоми ин ташхисҳоро гузаранд»,- гуфт Ш.Ҳайдарова.
Ба қавли сармутахассиси РАХШ, ин ташхисҳо имкон медиҳанд, ки дар оянда кӯдакони солим ба дунё оянд ва Ҳукумати Тоҷикистон низ инро ба хубӣ дарк мекунад. «Яъне оилаи солим кафолати ҷомеаи солим аст»,- илова намуд мусоҳиб.
Холаи Нигина, сокини як деҳа дар вилояти Хатлон ин тағйироту иловаҳоро хуб мепазирад, зеро дар зиндагии вай аз рӯи ин масъала мушкилоти зиёд пеш омадааст. Ба гуфтаи мусоҳиб як сол пеш писари ҳамсоя хостгори духтари 19- солааш Наргис шуду онҳо бо ҳушҳолӣ ба қавле сари фарзандашонро ҷуфт карданд. «Вале пас аз 3-4 моҳи зиндагӣ оилаи домод бо даъво, ки духтарам касалӣ асту ҳомиладор намешавад, ӯро барои муоина ва муолиҷа ба хонаамон фиристод. Бо харҷи қариб 1500 сомонӣ ман духтарамро аз ташхисҳо гузарондам, бачадону гурдаашро табобат кардам, вале бо гузашти боз 6 моҳи дигар вай ҳомиладор нашуд»,-мегӯяд холаи Нигина.
Як моҳ пеш волидайн маҷбур Наргисро ба Душанбе оварда, дар таваллудхонаи рақами 2-и пойтахт аз муоина гузарониданд. Пас аз муоина дар таркиби хуни Наргис микроберо ошкор намуданд, ки монеаи ҳомиладоршавиаш мешудааст. Маълум гашт, ки шавҳари Наргис то зангирӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаву аз ҳамон ҷо гирифтори ин беморӣ шудааст ва пеш аз оиладоршавӣ касеро хабардор накардааст.
Тавсияи табибон…
Духтури машваратчии занонаи Маркази солимии репродуктивии назди Маркази саломатии шаҳри Душанбе Махфират Бадалова, мегӯяд, ки ӯ низ чун табиб ба ҷавонон тавсия медиҳад, ки пеш аз хонадоршавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд. «Барои он ки духтарон кӯдакони солим таваллуд кунанд, ин чораҳо айни муддаост. Танҳо модари солим метавонад кӯдаки солим ба дунё орад. Байни ҷавонписарони мо муҳоҷирон хеле зиёданд ва бештари онҳо пас аз муҳоҷират оиладор мешаванд. Маҳз аз чунин ҷавонон бештар бемориҳои сироятӣ мегузаранд. Ман тавсия медиҳам, ки ҳар ҷавон пеш аз оила бунёд кардан ташхиси хун, пешоб, флюрография ва дигар ташхисҳоро гузарад. Ҳамаи ин ташхисҳо, албатта, ба таврӣ махфӣ гузаронида мешаванд»,-гуфт М.Бадалова.
Ба гуфтаи Махфират Бадалова, ҳарчанд то имрӯз ин қонун қабул нашуда бошад ҳам, бештари ҷавонон худ пеш аз никоҳ барои гузаштани ташхис ба маркази онҳо муроҷиат мекунанд. «Хурсандиовар он аст, ки волидайн пеш аз бастани никоҳ худ фарзандонашонро ба маркази мо барои ташхис меоварданд ва бештари муроҷиаткунандагон сокинони ноҳияҳову маҳалҳои кишварамон мебошанд. Яъне мардуми ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишварамон ба ин масъала аллакай худ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Мо ба муроҷиаткардагон тавсияҳои тиббӣ дода, онҳоро аз ташхиси пурраи тиббӣ гузарондем»,-илова намуд духтури машваратчии занона.
Пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон
Мақсад тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила- ин пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон мебошад, ки солҳои охир бештар ба назар мерасад. Бино ба гуфтаи мутахассисон беш аз 30 дарсади вайроншавии хонаводаҳои тоҷик, бахусус оилаҳои ҷавон аз сабаби нашъаманду майзада ва ё гирифтори беморӣ, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ будани домод ва ё ягон айб доштани духтарон аст.
Салимаи 30 сола, сокини пойтахт маҳз аз сабаби гирифтори бемории рӯҳӣ будани шавҳараш хонавайрон гаштааст. «Ман соли 2006 бо хоҳиши волидайн ба писари як шиносашон оиладор шудам. Пас аз тӯй маълум шуд, ки шавҳарам гирифтори бемории рӯҳӣ асту ин бемориаш танҳо шаб авҷ мегирад». Ба гуфтаи Салима шабҳо шавҳараш кӯшиши куштани вайро мекардаасту рӯзона гӯё чизе дар хотираш набудааст. Салима аз тарси шавҳар шабҳои бехобӣ мекашидааст. Пас аз як соли дигар Салима ба ҳомиладориаш нигоҳ накарда, аз хонаи шавҳар баромада рафтааст.
Фотима Собирова низ пас аз се моҳи оиладорӣ аз шавҳар ҷудо шудааст. Фотима мегӯяд, ки шавҳараш нашъаманд будаасту пас аз хонадоршавӣ ҳар рӯз нашъа истеъмол карда, вайро латукӯб мекардааст. «Шавҳарам ҳатто пас аз як моҳи хонадоршавиамон зару зеварҳои маро барои харидани нашъа фурӯхта буд. На хусуру хушдоман ва на волидайни ман вайро аз ин роҳ гардонида натавонистанд ва ман маҷбур шудам аз вай ҷудо шавам».
Вале як мусоҳиби мо- Далер, сокини пойтахт ин иқдомро дахолат ба озодии шахсӣ меҳисобад. Ба гуфтаи вай, мо дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем ва яке аз ҳуқуқҳои демократии мо- ин оиладоршавӣ мебошад ва ҳеҷ кас ҳуқуқи пеш овардани монеаро, чун гузаштан аз ташхиси тиббӣ барои мо надорад: «Барои пешгирии ҷудошавию сироят нагардидани ҷавонон, мо бояд, пеш аз ҳама, маърифати онҳоро баланд бардошта, ҷавононро дуруст тарбия кунем. Барои чӣ аз барои як қисм мардуми бемори ҷомеа қисмати солими ҷомеа зарар бинад? Ҳангоми ба боғча, мактаб ва ё мактаби олӣ бурдани фарзандонамон ва ё ба кор даромадан аз мо маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ талаб мекунанд. Чанд фоизи мардум ҳамаи ин ташхисҳоро мегузарад? Ба фикри ман 99 фоизи аҳолӣ маълумоти тиббиро мехарад. Чунин вазъ ҳангоми бастани ақди никоҳ низ рух хоҳад дод».
Ба қавли мусоҳиб аз ин «иқдом» танҳо қисми камбизоати мамлакат зарар мебинаду халос. «Мардуме, ки солҳо пул ҷамъ карда, мехоҳанд оиладор шаванд, боз як қисми пулашонро барои гузаштани ташхиси тиббӣ месупоранд. Ҳар як шахс худ медонад, ки кадом бемории ирсӣ ва ё сироятӣ дорад ва ё гирифтори чӣ гуна беморӣ шудааст. Дар чунин маврид ҳар як шахс бояд нисбат ба худ ва ҳамсари ояндааш боинсоф бошад. Барои ҳалли ин мушкилӣ аввал самти тандурустӣ ва маорифро бояд хуб ба роҳ монд. Бояд фасод дар ин соҳаҳо набошад», -мегӯяд мусоҳиб.
Вале ба андешаи сармутахассиси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ Шаҳодат Ҳайдарова ҳамаи ин ташхисҳо бояд бепул бошанд. «Танҳо дар мавриди бепул будани ташхис ҷавонон аз ин ташхисҳо хоҳанд гузашт ва чизе садди роҳи онҳо нахоҳад шуд. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта низ ҳаминро нишон медиҳад, ки ташхис бояд бепул бошад, зеро ин ташхисҳо хеле гаронанд»,-илова намуд Ш.Ҳайдарова.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар як ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ, аз қабили фоҳишагарӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ ва фасодхонаҳо изҳори нигаронӣ кард.
Вазир зимни ҷаласа таъкид намуд, ки тамоми нафароне, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои бадахлоқона дастрас мешаванд, барои муайян намудани касалиҳои олоти таносул, ба монанди масунияти норасоии бадан (ВИЧ-СПИД), оташак (сифилис), сӯзок (гонорея) ва бемориҳои дигари ҷинсӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.
“Ҳамзамон изи ангуштони онҳо гирифта шуда, онҳо дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гузошта мешаванд”,-гуфт ӯ. Рамазон Раҳимзода пешниҳод дошт, ки ба Кодекси оила тағйиру иловаҳо ворид шаванд, то шаҳрвандон пеш аз хонадоршавӣ ҳамсари ояндаи худро аз санҷиш гузаронанд.
Вазорати умури дохилӣ ҳадаф аз ин пешниҳоди вазирро мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, интихоби тарзи ҳаёти солим, пешгирии вайроншавӣ ва ҷудошавии оилаҳо арзёбӣ намудааст.
Дар Соли оила вайроншавии оилаҳо кам гашт
Сармутахассиси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ Шаҳодат Ҳайдарова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 60 236 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 камтар мебошад. «Вале ба кам будани никоҳ нигоҳ накарда, хурсандиовар он аст, ки дар соли 2015, ки Соли оила эълон гаштааст, шумораи вайроншавии оилаҳо камтар ба қайд гирифта шудааст. Яъне, агар соли 2014 -7630 оила вайрон шуда бошад, соли 2015 танҳо 7100 ҷуфт никоҳашонро бекор кардаанд. Бояд ин ҷо қайд намуд, ки дар ин давра аз ҷониби РАҲШ 180 ҳолати никоҳи хешу таборӣ ба қайд гирифта шуда буд»,-
Сабаби кам шудани бекоркунии ақди никоҳро Ш.Ҳайдарова чунин маънидод кард, ки имсол аз ҷониби кормандони раёсат, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуданд ва чунин корҳоро дар мавриди ташхиси пеш аз никоҳ низ бояд ба роҳ монд.
Алишери 25-сола ва Сурайёи 19-сола, ки барои додани ариза барои бастани ақди никоҳ ба Хонаи ақди никоҳ омада буданд, хабари ташхиси тиббии пеш аз никоҳро хуш пазируфтанд. «Ин кори хеле хуб мешавад, зеро бештари ҷавонон пеш аз оиладоршавӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд ва мумкин гирифтори ягон беморӣ шуда бошанд»,-мегӯяд Зафар.
Чунин муоинаи тиббии арӯсу домодҳо дар чанде аз кишварҳои ҷаҳон низ истифода мешавад ва чунин муоина нишонаи эҳтироми ҷавонон нисбат ба ҳуқуқи ҳамдигар аст.
Таҷрибаи дигар давлатҳо
Дар Ӯзбекистон пеш аз бастани ақди никоҳ гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ мебошад. Ҳанӯз соли 2002 тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи Ӯзбекистон оид ба ҳатмӣ будани гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабул гардидаанд. Ин икдом барои таъмини шароити мусоид барои ташаккули оилаи солим ва пешгирии таваллуди кӯдакони носолим пешбинӣ шудааст.
Тибқи қонуни амалии оила шаҳрвандони Озарбойҷон ҳангоми бастани ақди никоҳ ташхиси тиббиро ихтиёрӣ мегузаранд. Вале ихтиёран гузаштани ташхис ба он меорад, ки дар бештари ҳолатҳо ҷавонон дар бораи беморӣ ва вазъи саломатии якдигар намедонанд, яъне ташхис махфӣ байни бемор ва духтур мемонад, ки ин ҳолат дар оянда ҳатто ба барҳамхӯрии оилаҳо оварда мерасонад.
Дар Молдова ҷуфте, ки мехоҳад оиладор шавад, бе супоридани таҳлилҳои тиббӣ ақди никоҳ мебандад. Ҳукумати Молдова ба хулоса омадааст, ки дигар ба ҳаёти шахсии шаҳрвандонаш дахолат накунад.
Имрӯз ҳар як ҷавони баору номус бояд пеш аз бастани ақди никоҳ дар фикри солимии оилааш бошад, зеро тавре мегӯянд: «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ». Имрӯз дар шароите, ки кӯдакон бо бемориҳои гуногуни модарзодӣ таваллуд мешаванду аз ин ҳам волидайн ва ҳам фарзанди маъюб азоб мекашад, гузаштан аз ташхиси тиббӣ— ин худ як қадам барои солимии фарзандони оянда мебошад.
Таҳияи Лайло Қосимова.