Тавассути «Шоҳроҳи ваҳдат» дар як рӯз садҳо тонна бор ба Тоҷикистон дохил мегардад
Хоруғ, 30.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ тавассути гузаргоҳи гумрукии Қулма, ки дар сарҳади Тоҷикистон бо давлати Чин, дар баландии зиёда аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, беш аз 9 ҳазор адад наклиёт вориди Тоҷикистон гардидааст. Аз ин теъдод 5271 адад нақлиёти калони боркаш мебошад, ки тавассути онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар масолеҳи сохтмонӣ, таҷҳизоти электронӣ ва дигар маводи ниёзи мардум ворид шудаанд», — гуфт сардори Раёсати гумруки ВМКБ Рашид Абдулҳасанов. Номбурда зикр кард, ки гардиши мол дар соли 2014 тавассути ин гузаргоҳ нисбат ба соли 2013 ду баробар афзоиш ёфта, ба 200 миллион доллари амрикоӣ расидааст.
Имрӯзҳо гузаргоҳи Қулма, ки ду давлатро бо ҳам мепайвандад, байни мардум Бандари дӯстӣ ном гирифта, шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб- Дарвоз- Хоруғ — Мурғоб —Қулма -Қароқурум -«Шоҳроҳи ваҳдат» арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки фаъолияти шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб- Дарвоз- Хоруғ — Мурғоб —Қулма -Қароқурум дар амалӣ намудани ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад. Аввалин корҳо дар бунёду навсозии ин шоҳроҳ дар ҳудуди Помири Шарқӣ, дар масофаи 33 км дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар оғоз ёфтанд. Солҳои 2000 бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Исломии Рушд навбати дуюми бунёди роҳи Мурғоб — Қулма ба маблағи 14 миллион доллари амрикоӣ шурӯъ гардид.
Имрӯзҳо ин шоҳроҳи бузурги Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма чун яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолияти ватан шинохта шуда, давлатҳои Тоҷикистону Чинро бо ҳам пайваста, тавассути он дар як рӯз садҳо тонна бор ба Тоҷикистон дохил мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






