«Терроризм мазҳаб, эътиқод ва қавмиятро намешиносад», — вокуниши пешвоёни кишварҳо аз Амрико то Эрон, аз Афғонистон то Бразилия

Ноябрь 14, 2015 12:23

Душанбе, 14.11.2015 (АМИТ «Ховар») – Вокуниши пешвоёну роҳбарони сиёсии кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба амалҳои террористии шоми дирӯз дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж содиршуда, мавриди таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифтааст. Дар ҳамовозӣ бо роҳбарону сарварони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Олмон, Австралия, Ҷопон, Созмони Милали Муттаҳид, Эрону Афғонистон ва дигарон президенти ИМА Барак Обама, президенти Украина Петр Порошенко, сарвазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон, президенти Бразилия Дилма Русефф вобаста ба амалҳои террористии шоми ҷумъа содиргардида ба мардум ва ҳукумати Фаронса изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ намуда, ин амалҳои ғайриинсониро маҳкум кардаанд.
Чунончӣ, Барак Обама – президенти Амрико гуфтааст: «ИМА дар ин лаҳзаҳо бо Фаронса ҳамдилу ҳамраъй мебошад. Мо омода ҳастем ҳама гуна кумакро ба ҳукумат ва мардуми Фаронса барои роҳандозӣ кардани чораҳои ҷавобӣ пешкаш кунем. Фаронса шарики деринаи мо мебошад. Мардуми Фаронса на як бору ду бор китф ба китф бо мо истодаанд ва мо ошкорову возеҳ изҳор мекунем, ки дар қатори онҳо дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ меистем. Мо бори дигар шоҳиди он гаштем, ки одамони бегуноҳ мавриди тарсу ҳарос додан ва даҳшатафканӣ қарор меёбанд. Ин ҳамла на танҳо ба Париж ва ба мардуми Фаронса аст, ин ҳамла ба тамоми инсоният ва арзишҳои волои одамон равона шудааст».   
Президенти Украина Петр Порошенко дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Twitter вобаста ба амали террористии мудҳиши дар Париж содиршуда навишт: «Аз ин амали террористӣ сахт дар изтироб афтодам. Терроризм душмани умумии мост. Ҳамраъй бо мардуми Фаронса ҳастам».
Сарвазири Англия Дэвид Кэмерон ба журналистон изҳор кард:  «Британияи Кабир омода аст, ки ба Фаронса вобаста ба бартараф кардани оқибатҳои мудҳиши амалҳои террористӣ ва андешидани чораҳои ҷавобӣ ба террористон кумаки мустақими худро расонад. Таркишҳо ва тирпаррониҳои шадиди дар Париж рӯйдода ба ман такони сахт дод. Тамоми фирку андешаи мо бо мардум ва ҳукумати Фаронса мебошад, мо дуогӯи Фаронса ва сокинони он ҳастем. Ҳама корро мекунем, то ба онҳо кумаку дастгирии худро расонида тавонем».
Президенти Бразилия хонум Дилма Русефф изҳор кард, ки аз ваҳшонияти террористон дар Париж дар ҳолати садамот қарор дорад ва ҳеҷ гуна зуру тааддиро қабул карда наметавонад: «Мо бо мардум ва ҳукумати Фаронса ҳамраъйю ҳамфикр ҳастем», — гуфт Дилма Русефф.
Хотиррасон мекунем, ки шоми дирӯз дар пойтахти Фаронса якбора якчанд амалҳои террористии барои Париж бесобиқа содир шуданд, ки дар натиҷа 127 сокини осоишта ҷон дода, даҳҳо нафар одамони бегуноҳ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Вобаста ба ин сарварони кишварҳои ҷаҳон вокуниши ҷиддӣ нишон дода, ин амалҳои террористиро маҳкум намуданд. Чунончӣ, Ҳасан Руҳонӣ раиси ҷумҳурии Эрон ҳамалоти Парижро ба шиддат маҳкум карда, ба миллат ва давлати Фаронса ибрози ҳамдардӣ кард. Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияи худ гуфтааст: «Омилони ин ҷиноят аз руҳи ислом ва тамоми адёни осмонӣ ва усули ахлоқӣ бегона ҳастанд». Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ҳам ҳамалоти шаби гузаштаи Парижро маҳкум карда, гуфтааст: «Дар ин сооти сахт Эрон худро дар канори хонаводаҳои қурбониёни ин ҳаводиси террористӣ медонад».
Абдулло Абдулло  раиси иҷроияи давлати ваҳдати миллии Афғонистон дар саҳифаи Твиттери худ бо маҳкум кардани ҳамлаи дишабаи Фаронса ба хонаводаҳо ва дӯстони қурбониён ибрози ҳамдардӣ карда, гуфтааст, ки барои беҳбуди оҷили захмишудагони ин ҳодиса дуо мекунад. Абдулло ҳамла ба мардумро таваҳҳуш ва барбарият хонда, гуфтааст, ки ин ҳамла нишон дод, ки терроризм мазҳаб, эътиқод ва қавмиятро намешиносад.

 

Ноябрь 14, 2015 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд