Тоҷикистон — Украина: баъзе амвол аз низоми савдои озод бароварда мешавад

Ноябрь 5, 2015 06:53

Душанбе, 05.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Радаи  Олӣ  лоиҳаи   қонун  «Дар  бораи  тасдиқи  протоколи  байни Девони вазирони Украина  ва Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  бораи  аз  низоми   савдои  озод  баровардани  баъзе амвол тибқи  созишномаи   байни Девони  вазирони   Украина  ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  бораи  савдои   озод  аз  6  июли соли 2001» — ро  қабул  намуд. Ба тарафдории  қарори  мазкур 239 нафар  вакилон  овоз доданд. 
Ба  гуфтаи  муовини  вазири  рушди  иқтисод  ва  савдои  Украина  Наталя  Миколская,  мақсади  асосии  лоиҳаи  қонун иборат  аз  ворид  намудани тағйирот мутобиқи  тартиботи   Созмони  умумиҷаҳонии  савдо баъди  ворид  шудани  Тоҷикистон  ба  созмони  мазкур  мебошад.
Ба  феҳрасти  амволе, ки аз низоми савдои  озод  бароварда ва ҷониби  Украина дар  мавриди ба  Тоҷикистон  фиристодани  онҳо  боҷи  содиротиро ҷорӣ  менамояд, донаи  офтобпараст шомил  аст. Феҳрасти  амволе, ки  аз низоми  савдои  озод бароварда  ва ҷониби  Тоҷикистон нисбат ба  онҳо  боҷи содиротӣ мегузорад, иборат  аз  спирти  этилӣ,  вермут ва  оби  ҷав  мебошад.

Ноябрь 5, 2015 06:53

Хабарҳои дигари ин бахш