Тоҷикистону Покистон омодаанд бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи якҷоя баранд
Душанбе 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имрӯз, 12 ноябр таъкид гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ хатари ҷиддӣ ба амнияти ҳар ду кишвар доранд. Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф омодагӣ ва ҳавасмандии ҷиддии худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ изҳор намуданд. Роҳбарони ду кишвари дӯст зикр карданд, ки барои расидан ва таҳким бахшидан ба амну субот дар Афғонистон татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муҳиму зарур мебошад. Тоҷикистону Покистон ҷаҳду талош хоҳанд кард, то бо татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ амну субот дар Афғонистон пойдор гардад. Мусоидати ду кишвар ба истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу субот дар Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Покистон ва ба нафъи тамоми минтақа мебошад, зеро имконияти хуберо барои татбиқи ҳар чӣ бештари барномаҳои минтақавӣ фароҳам меоварад.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ва дигар таҳдидҳо ба амнияти минтақаву ҷаҳон минбаъд низ тақвият меёбад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






