USAID: Ду лоиҳа ба соҳаҳои кишоварзӣ ва тандурустии вилояти Хатлон равона гардидааст
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ Ховар).-Барои панҷ соли ояндаи ҳамкории Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон, яъне то соли 2020 ду лоиҳа аз ҷониби директори агентӣ Кэтлин Макдоналд дар мулоқоти ӯ бо раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода муаррифӣ гардид. Лоиҳаҳои тарҳрезишуда ба соҳаҳои кишоварзӣ ва тандурустии вилоят равона гардидаанд.
Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз ҳамкории муваффақона ба роҳбарон ва дастандаркорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки пайваста ҳамкорӣ ва кумаки беғаразонаи хешро дареғ намедоранд, изҳори сипос намуда афзуд, ки мо дар амалӣ намудани лоиҳаҳои тозаэҷод хушбин ҳастем, зеро ин лоиҳаҳо на танҳо ба мардуми Хатлон, балки ба мардуми он сӯи марз, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, барои беҳ гардидани рӯзгорашон кумак менамоянд.
Ҳамчунин раиси вилоят оид ба таъминот бо оби нӯшокӣ, полезӣ, бунёди бунгоҳҳои ҳозиразамон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир, боз ҳам васеъ намудани доираи ҳамкорӣ якчанд пешниҳоди ҷолибро ба миён гузошт, ки аз ҷониби намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) пазируфта шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






