В.Путин: «Русия эътилофи зидди «Давлати исломӣ» бо роҳбарии ИМА- ро эҳтиром медорад»
Душанбе, 27.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Натиҷаи гуфтушуниди сесоатаи сарварони Русия Владимир Путин ва Фаронса Франсуа Олланд бо мувофиқае анҷом ёфт, ки ҳар ду давлат зидди хавфу хатарҳои умумӣ якҷоя мубориза мебаранд. Онҳо мушориконро даъват намуданд, ки танзими муқовимат ба «Давлати исломӣ» дар Сурияро вусъат бахшанд.
«Фаронса барои расидан ба мақсади умумӣ — мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва дар навбати аввал бо «Давлати исломӣ» тайёр аст, ки бо Русия дасти ба даст кор кунад», — изҳор дошт президенти Фаронса.
В.Путин дар навбати худ зикр намуд, ки чунин ниятҳо дар мавриди фаъолияти мштарак саҳми мушаххаси амалӣ ба ташкили ҷабҳаи васеи зиддитеррористӣ таҳти васояти СММ ба шумор мераванд.
«Теъдоди кишварҳои ҷонибдори ин ташаббус меафзояд. Русия эътилофи зидди «Давлати исломӣ» бо роҳбарии ИМА — ро эҳтиром дошта, ба ҳамкорӣ омодааст, вале ба фикраш, беҳтар мебуд, ки эътилофи ягонаи умумӣ ташкил карда шавад. Танзими кори умумӣ дар чунин шароит осону фоидабахштар аст», — афзуд президенти Русия. Номбурда зикр намуд, ки агар ҳоло мушорикон ба чунин ҳамгироии саъю кӯшишҳо омода набошанд, Маскав метавонад бо эътилоф бо роҳбарии ИМА ҳамкорӣ намояд.
«Вале, албатта, ҳодисаҳо аз қабили нест намудани ҳавопаймои мо (Су — 24) ва ба ҳалокат расидани хидматчиёни ҳарбӣ, сарнишин ва сарбози хушкигарди қувваҳои баҳрии мо, ки ба рафиқони ҳамяроқаш дасти ёрӣ дароз кард, ҳаргиз қобили қабул нестанд. Мо умедворем, ки ин ҳолат дигар такрор намешавад. Дар акси ҳол чунин ҳамкорӣ бо ягон кас, бо ягон эътилоф ва бо ягон ҷониб лозим нест», — гуфт В.Путин.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






