В.Путин: «Русия эътилофи зидди «Давлати исломӣ» бо роҳбарии ИМА- ро эҳтиром медорад»

Ноябрь 27, 2015 04:52

Душанбе, 27.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Натиҷаи  гуфтушуниди  сесоатаи  сарварони Русия Владимир  Путин  ва  Фаронса Франсуа  Олланд бо мувофиқае анҷом  ёфт, ки ҳар  ду давлат зидди хавфу  хатарҳои  умумӣ  якҷоя   мубориза  мебаранд. Онҳо мушориконро  даъват  намуданд, ки танзими  муқовимат  ба «Давлати  исломӣ»  дар  Сурияро вусъат  бахшанд. 
«Фаронса  барои  расидан  ба  мақсади  умумӣ — мубориза бо   гурӯҳҳои террористӣ ва   дар  навбати  аввал  бо «Давлати  исломӣ»  тайёр  аст, ки бо  Русия  дасти ба даст кор  кунад», — изҳор  дошт  президенти  Фаронса.
В.Путин дар навбати  худ  зикр намуд, ки   чунин ниятҳо  дар  мавриди  фаъолияти  мштарак  саҳми  мушаххаси  амалӣ  ба  ташкили  ҷабҳаи  васеи зиддитеррористӣ  таҳти  васояти  СММ ба шумор  мераванд. 
«Теъдоди кишварҳои  ҷонибдори  ин  ташаббус   меафзояд. Русия эътилофи зидди «Давлати  исломӣ» бо роҳбарии  ИМА — ро эҳтиром  дошта, ба  ҳамкорӣ  омодааст,  вале ба  фикраш, беҳтар  мебуд, ки эътилофи  ягонаи  умумӣ  ташкил  карда шавад. Танзими кори  умумӣ дар   чунин  шароит  осону  фоидабахштар  аст»,  — афзуд президенти  Русия. Номбурда  зикр  намуд, ки агар ҳоло  мушорикон  ба чунин ҳамгироии  саъю  кӯшишҳо   омода набошанд,  Маскав  метавонад бо эътилоф  бо  роҳбарии  ИМА ҳамкорӣ  намояд.
 «Вале,  албатта, ҳодисаҳо аз  қабили  нест  намудани  ҳавопаймои  мо (Су — 24) ва  ба  ҳалокат расидани хидматчиёни ҳарбӣ, сарнишин ва сарбози хушкигарди қувваҳои  баҳрии  мо, ки  ба  рафиқони ҳамяроқаш  дасти  ёрӣ дароз  кард, ҳаргиз қобили  қабул  нестанд. Мо  умедворем, ки ин  ҳолат  дигар  такрор  намешавад. Дар  акси  ҳол  чунин  ҳамкорӣ бо ягон  кас, бо ягон  эътилоф  ва бо  ягон  ҷониб лозим  нест»,  —   гуфт  В.Путин.

 

Ноябрь 27, 2015 04:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид