В.Путин ва Ф.Олланд дар Кремл масъалаи мубориза бо терроризмро муҳокима намуданд
Душанбе, 27.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар Кремл мулоқоти президентҳои Русия ва Фаронса Владимир Путин ва Франсуа Олланд анҷом ёфт. Гуфтушуниди сарварон беш аз 2,5 соат идома ёфт, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба гуфтаи В.Путин, гуфтушунид дар вазъияти боварибахш ва судманд анҷом ёфт. Ф.Олланд изҳор дошт, ки Русия баъди амалиёти мудҳиши террористии нисбат ба ҳавопаймои кишвараш рухдода метавонад ба дастгирии Фаронса умед бандад. Ба гуфтаи ӯ, Русия ва Фаронса бояд дар мубориза бо терроризм якҷоя амал кунанд.
Ф,Олланд дар бораи бӯҳрони Сурия сухан карда, изҳор дошт, ки бояд роҳи ҳалли сиёсии он пайдо карда шавад. Вай ташкили ҳукумати мустақил ва қабули конститутсияи навро аз ҷумлаи шартҳои ҳалли бӯҳрон қаламдод кард. Президенти Фаронса зикр намуд, ки дар интихоботи ояндаи кишвар бояд ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ иштирок кунанд. Ба фикри ӯ, сарвари ҳозираи давлат Башор Асад дар ҳаёти ояндаи Сурия ягон мақомеро иҷро карда наметавонад.
В.Путин, дар навбати худ, чунин мешуморад, ки Башор Асад ва артиши ӯ иштироккунандаи табии мубориза бо терроризм мебошанд. Сарнавишти Башор Асад бояд пурра дар ихтиёри мардуми Сурия бошад, гуфт сарвари Русия.
Путин дар бораи муваффақиятҳои қувваҳои ҳавоии кайҳонии Русия дар муборизаи зидди «Давлати исломӣ», ки дар Русия созмони террористӣ эътироф гардида ва манъ шудааст, сухан ронда, изҳор дошт, ки низоми идора ва сохтори ҳарбии ифротиён хароб гардида, заминаи молиявии онҳо ба куллӣ решакан карда шудааст.
«Дар навбати аввал қочоқи нафтро дар назар дорам, ки ба террористон ва мададгори онҳо фоидаи ҳангуфт меорад», — суханони ӯро иқтибос меорад, «Интерфакс».
Ф.Олланд ба чунин муносибат розӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, бояд ба маъхазҳои маблағгузории ДИ, аз ҷумла ба маъхазҳои нафт, ва мошинҳои боркаши дорои маводи нафтӣ зарба зада шавад.
Президенти Фаронса хабар дод, ки Русия ва Фаронса дар бораи густариши табодули маълумот дар доираи мубориза бо терроризм дар Сурия мувофиқа кардаанд. Путин изҳор дошт, ки теъдоди кишварҳое, ки ташаббуси таҳти васояти СММ ташкил намудани эътилофи васеъ дар мубориза бо «Давлати исломӣ» — ро дастгирӣ мекунанд, меафзояд.
Русия ва Фаронса ҳамгироии мавқеъҳо аз рӯи масъалаи мубориза бо терроризм баъди зарар диданашон аз амалиётҳои калони террористӣ, ки ҷангиёни ДИ масъулияти онҳоро ба дӯши худ нагирифтаанд, намоиш медиҳанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






