В.Путин ва Ф.Олланд дар Кремл масъалаи мубориза бо терроризмро муҳокима намуданд

Ноябрь 27, 2015 04:49

Душанбе, 27.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  Кремл  мулоқоти  президентҳои  Русия  ва  Фаронса  Владимир  Путин  ва  Франсуа  Олланд анҷом  ёфт. Гуфтушуниди  сарварон  беш  аз 2,5  соат идома  ёфт,  хабар  медиҳад РИА Новости.
Ба  гуфтаи  В.Путин,  гуфтушунид  дар  вазъияти боварибахш  ва   судманд анҷом  ёфт. Ф.Олланд изҳор  дошт, ки Русия баъди амалиёти  мудҳиши  террористии  нисбат ба  ҳавопаймои  кишвараш  рухдода метавонад ба дастгирии  Фаронса  умед   бандад. Ба  гуфтаи  ӯ,  Русия  ва  Фаронса  бояд  дар  мубориза бо терроризм  якҷоя  амал  кунанд. 
Ф,Олланд  дар  бораи  бӯҳрони  Сурия сухан  карда, изҳор  дошт, ки бояд  роҳи ҳалли  сиёсии  он пайдо  карда  шавад. Вай ташкили ҳукумати  мустақил ва  қабули конститутсияи  навро  аз ҷумлаи   шартҳои ҳалли  бӯҳрон қаламдод  кард. Президенти  Фаронса   зикр  намуд, ки  дар  интихоботи  ояндаи  кишвар  бояд  ҳамаи  ҳизбҳои  сиёсӣ  иштирок  кунанд. Ба  фикри  ӯ, сарвари ҳозираи  давлат  Башор  Асад дар ҳаёти ояндаи  Сурия ягон  мақомеро  иҷро  карда  наметавонад. 
В.Путин,  дар навбати  худ, чунин  мешуморад, ки Башор  Асад  ва  артиши  ӯ иштироккунандаи  табии мубориза  бо  терроризм  мебошанд. Сарнавишти  Башор  Асад   бояд  пурра  дар  ихтиёри  мардуми  Сурия  бошад,  гуфт  сарвари  Русия. 
Путин  дар  бораи  муваффақиятҳои  қувваҳои ҳавоии кайҳонии  Русия дар  муборизаи  зидди «Давлати  исломӣ»,  ки  дар  Русия  созмони  террористӣ эътироф  гардида ва  манъ  шудааст,  сухан  ронда,  изҳор  дошт, ки низоми идора  ва сохтори ҳарбии ифротиён хароб  гардида, заминаи  молиявии  онҳо  ба  куллӣ  решакан  карда  шудааст. 
«Дар  навбати  аввал қочоқи  нафтро  дар  назар дорам, ки  ба  террористон  ва мададгори онҳо фоидаи  ҳангуфт  меорад», — суханони  ӯро  иқтибос  меорад, «Интерфакс».
Ф.Олланд  ба чунин  муносибат   розӣ  шуд. Ба  гуфтаи  ӯ,   бояд  ба маъхазҳои маблағгузории ДИ,  аз ҷумла ба  маъхазҳои нафт,  ва  мошинҳои  боркаши  дорои  маводи  нафтӣ  зарба  зада  шавад. 
Президенти  Фаронса  хабар  дод, ки Русия  ва  Фаронса дар  бораи  густариши  табодули  маълумот  дар  доираи   мубориза  бо  терроризм  дар  Сурия мувофиқа  кардаанд. Путин  изҳор  дошт, ки теъдоди  кишварҳое, ки ташаббуси  таҳти  васояти  СММ ташкил  намудани эътилофи  васеъ дар  мубориза  бо «Давлати  исломӣ» — ро  дастгирӣ  мекунанд, меафзояд.
Русия ва  Фаронса ҳамгироии  мавқеъҳо аз  рӯи  масъалаи  мубориза  бо терроризм  баъди зарар  диданашон  аз амалиётҳои  калони террористӣ, ки ҷангиёни  ДИ  масъулияти онҳоро  ба  дӯши  худ  нагирифтаанд,  намоиш  медиҳанд.

 

Ноябрь 27, 2015 04:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад