ВАО: Дар Бавария яке аз иштирокдорони эҳтимолии ҳодисаҳои Париж боздошт шудааст

Ноябрь 14, 2015 12:35

Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). – ВАО-и Олмон аз боздошт шудани шахсе, ки эҳтимол дорад дар амалҳои террористии Париж иштирок мекард, иттилоъ медиҳанд. Гуфта мешавад, ки ин марди 51 сола яке аз иштирокдорони эҳтимолии ҳодисаҳои мудҳиши Париж мебошад.
Ин мард бо автомошинаи шахсии худ, ки дар он 1 кг маводи тарканда ҷойгир буд, ҳангоми ҳаракат ба ҷониби Париж дар сарҳад боздошт шудааст. Баъд аз боздошт шудани марди 51 сола мақомоти Олмон хабари мазкурро ба ҳукуматдорони Фаронса расониданд. ВАО фарзия пешниҳод мекунанд, ки марди боздоштшуда бояд дар амалҳои террористии Париж иштирок мекард. 

Ноябрь 14, 2015 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ