ВАО: Номи се иштирокдори ҳамлаҳои террористӣ дар Париж муайян гардид

Ноябрь 15, 2015 10:30

Душанбе, 15.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — ВАО- и Фаронса номи се террористи худкушро, ки дар амалҳои террористии Париж даст доштанд, муайян кард. Яке аз онҳо шаҳрванди 29-солаи Фаронса Исмоил Умар Мустафо мебошад, ки дар ҳамлаи террористии толори консертии «Батаклан» иштирок дошт. Чанде пеш иттилоъ дода шуд, ки пулис пайвандони ӯ — бародар ва падарашро боздошт намуда, хонаи онҳоро кофтуков кардааст. 

Террористи дуюм — муҳоҷире аз Сурия Аҳмад Aл-Муҳаммад мебошад, ки дар Юнон ҳамчун гуреза ба қайд гирифта шуда, тавассути Сербия ба Фаронса ворид шудааст,- иттилоъ медиҳад «РИА Новости». Дар ВАО махсусан ӯро ташкилкунандаи эҳтимолии ин аъмоли террористӣ меҳисобанд. 

Оид ба террористи сеюм ба ҷуз номаш — Абдулакбака Б. дигар чизе маълум нест.

Ноябрь 15, 2015 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш