Вазъи қарзи маош дар ҷумҳурӣ чи гуна аст?

Ноябрь 3, 2015 04:52

Душанбе, 03.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Қарзи  маош дар охири  моҳи  сентябри  соли равон нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  2014  баробари  337  ҳазор  сомонӣ ё 1,6  фоиз коҳиш  ёфт.
Мувофиқи  маълумоти Агентии  омори  назди  Президенти  ҶТ, маблағи  умумии қарзи  маош  бо  дарназардошти солҳои  гузашта дар  охири  моҳи  сентябр  2 миллиону 132  ҳазор сомонӣ ё  46,1  фоизи  маблағи  умумии  қарзро ташкил  дод. 
Қарзи   зиёдтарини  бахши  воқеии  иқтисодиёт  дар  соҳаи  кишоварзӣ, шикору ҷангалпарварӣ, саноати истихроҷу  коркарди  маъдан ба  назар  мерасад.

Ноябрь 3, 2015 04:52

Хабарҳои дигари ин бахш