Вазорати нақлиёт: «Тайёраи дар Судон суқуткардаи АН — 12 ба Тоҷикистон рабт надорад»
Душанбе, 05.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати нақлиёт хабари ба ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон тааллуқ доштани тайёраи дар Судон суқуткардаро рад мекунад.
Ба гуфтаи сардори Раёсати ҳавопаймоии мулкии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов, тайёраи суқуткарда ба ширкати ҳавопаймоии «Ala International LTD» — и Арманистон тааллуқ дошт, вале гап сари он аст, ки тайёраи мазкур аз ин пеш дар қайди ширкати хусусии ҳавопаймоии Asia Airways — и Тоҷикистон буда, асосан ба боркашӣ машғул буду дар ҳоли ҳозир фаъолият надорад. Мувофиқи шартномаи имзошуда тамоми масъулияти қобили парвоз будани тайёра ба дӯши ширкати ҳавопаймоии Арманистон гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар баъзе ВАО хабар дар бораи ба ширкати хусусии ҳавопаймоии Тоҷикистон тааллуқ доштани тайёраи суқуткарда паҳн гардид.
4 ноябр дар Судони Ҷанубӣ тайёраи АН — 12 сохти шӯравӣ бо сарнишинони русиягию арманӣ суқут кард. Дар баробари ин маълумот дар бораи теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи фавқулодда ва мансубияти ҳавопаймо давоми рӯз чанд маротиб тағйир меёфт. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, бар асари суқути тайёра беш аз 40 нафар ҳалок гардид.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






