Вазорати нақлиёт: «Тайёраи дар Судон суқуткардаи АН — 12 ба Тоҷикистон рабт надорад»

Ноябрь 5, 2015 04:29

Душанбе, 05.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати  нақлиёт хабари ба  ширкати  ҳавопаймоии  Тоҷикистон тааллуқ доштани  тайёраи  дар  Судон  суқуткардаро  рад  мекунад.
Ба  гуфтаи   сардори Раёсати  ҳавопаймоии  мулкии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  Юсуф  Раҳмонов, тайёраи  суқуткарда ба ширкати  ҳавопаймоии «Ala International  LTD» — и Арманистон  тааллуқ  дошт,  вале  гап  сари он  аст, ки тайёраи  мазкур  аз ин  пеш  дар  қайди  ширкати  хусусии ҳавопаймоии Asia Airways — и Тоҷикистон  буда, асосан  ба  боркашӣ машғул буду дар   ҳоли  ҳозир фаъолият  надорад. Мувофиқи  шартномаи  имзошуда  тамоми  масъулияти  қобили  парвоз  будани тайёра  ба  дӯши   ширкати  ҳавопаймоии  Арманистон  гузошта  мешавад. 
Ёдовар  мешавем, ки  қаблан  дар  баъзе  ВАО  хабар  дар  бораи  ба ширкати  хусусии  ҳавопаймоии  Тоҷикистон  тааллуқ  доштани тайёраи  суқуткарда  паҳн  гардид. 
4  ноябр  дар Судони  Ҷанубӣ  тайёраи АН — 12  сохти  шӯравӣ  бо сарнишинони  русиягию  арманӣ  суқут  кард. Дар  баробари  ин  маълумот  дар  бораи теъдоди  ҳалокшудагони ҳодисаи  фавқулодда ва    мансубияти   ҳавопаймо давоми  рӯз чанд  маротиб  тағйир  меёфт.  Мувофиқи  маълумоти  пешакӣ,  бар  асари суқути тайёра  беш  аз  40  нафар  ҳалок  гардид.

Ноябрь 5, 2015 04:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид