Вохӯрии Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи Ширкати миллии радио ва телевизиони Япония
Душанбе, 27.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ хабарнигор ва мақоланависи машҳури японӣ Исикава Итиёро, ки дар Ширкати миллии радио ва телевизиони Япония (NHK) фаъолият дорад, ба ҳузур пазируфт.
Сафир оид ба таъриху фарҳанги қадимии тоҷик, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, иқтидори захираҳои обию энергетикӣ ва дастовардҳои кишварамон дар давраи истиқлолият ба И. Итиё маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ байни васоити ахбори оммаи Тоҷикистону Япония баррасӣ шуданд.
Исикава Итиё рӯзноманигори маъруфи японӣ мебошад, ки дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ фаъолият дорад. Мавзӯъҳои асосии мақолаҳои рӯзноманигор — Иттиҳоди Шӯравӣ, иқтисодӣ ва сиёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, масъалаҳои энергетикӣ ва амнияти стратегӣ мебошанд. И. Итиё бо чандин мукофоти бонуфузи японӣ ва хориҷӣ сарфароз гардидааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






