Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар Фаронса
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бино ба маълумоти расида теъдоди қурбониёни амали террористии Париж, ки шоми ҷумъа ба амал омад, ба беш аз 158 нафар расид. Дар тамоми қаламрави Фаронса ҳолати фавқулодда ҷорӣ шудааст. Вобаста ба ин рухдоди гӯшношунид роҳбарони як зумра давлатҳо изҳорот қабул карда, онро маҳкум намудаанд.
«Амали ғайриинсонӣ»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса изҳори тасаллият намуда, ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки онро бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, қотеъона маҳкум кард. «Ин ҳаводис имрӯз аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо менамояд, ки барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин неруҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем», — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Русия изҳори тасаллият мекунад
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар иртибот ба «силсилаҳамлаҳои даҳшатбори террористии Париж» изҳори тасаллият намуда, ба Президенти Фаронса Франсуа Олланд ва тамоми мардуми Фаронса ҳамдардии амиқ мерасонад. Дар ин бора котиби президент Дмитрий Песков иттилоъ дод.
Намояндаи расмии ВКХ ФР Мария Захарова амали террористии Парижро ваҳшиёна номид.
Тасаллияти Қазоқистон
«Қазоқистон силсилаҳамлаҳои Парижро қотеъона маҳкум намуда, қобили қабул набудани тамоми намуди зуҳуроти террористиро эълон кард», — гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ Қазоқистон.
ВКХ Қазоқистон ба мардуми Фаронса ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба маҷрӯҳшудагони ҳодиса саломатии бардавом орзу кард.
«Қазоқистон кӯшишҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳониро дар доираи СММ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дастгирӣ менамояд ва итминон дорад, ки танҳо тавассути кӯшишҳои муштараки тамоми башарият метавонем ин бадиро мағлуб созем», — зикр гардидааст дар изҳороти ВКХ Қазоқистон. Бино ба ВКХ Қазоқистон, ягона роҳи ба ин ҳадаф ноил гардидан — «ин таъсиси шабакаи ҷаҳонии зиддитеррористӣ таҳти сарпарастии СММ мебошад».
«Чин ба таври қатъӣ ҳамлаҳои террористиро маҳкум менамояд»
Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳамлаҳои террористиеро, ки рӯзи ҷумъа дар Париж ба амал омаданд, маҳкум намуда, ба наздикону хешони фавтидагону зарардигон ҳамдардӣ изҳор кардааст. Дар ин бора намояндаи расмии мақомоти сиёсати берунии Чин Хун Лэй хабар додааст.
«Чин ҳамлаҳои террористиро бо қатъият маҳкум менамояд. Мо ба хешовандони фавтидаҳо ва зарардидагон ҳамдардӣ баён мекунем. Террроризм хатари умумӣ барои тамоми инсоният маҳсуб мешавад. Чин амалҳои Фаронсаро дар мавриди амнияти давлатӣ ва муборизаи онро бо терроризм дастгирӣ менамояд», — изҳор кард дипломат.
«Ҷомеаи байналмилалиро зарур аст муттаҳид шавад»
Кишварҳои иштирокдори Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии халиҷи Форс амалҳои террористии дар Фаронса рухдодаро маҳкум ва ба оилаҳои ҳалокшудагон ҳамдардӣ изҳор карданд.
» Ҷомеаи байналмилалиро зарур аст муттаҳид шавад ва кӯшишҳоро барои нест кардани ин вайронкорӣ, ки бо ягон дини дунё умумият надорад, бояд дучанд кард», -чунин овардааст Агентии нашриявии Саудӣ аз изҳороти ВКХ шоҳигарӣ.
«Ин амалҳое, ки ба ноамн кардани вазъият дар бахши амниятӣ равона гардидаанд, бо ахлоқу одоб ва арзишҳои умумибашарӣ ягон наздикӣ надоранд», -таъкид карданд дар мақомоти сиёсати берунии Қатар.
Бо пайравӣ ба ин ду давлат дигар ҳокимони минтақа низ ҳамдардии хешро дар робита ба амалҳои номатлуби рухдода баён кардаанд.
«Ҳамлаҳои террористии гӯшношунид»
Котиби генералии СММ Пан Ги Мун силсилаҳамлаҳои террористиро дар Париж ва атрофи он маҳкум намуд.
«Котиби генералӣ ҳамлаҳои террористии гӯшношунидеро, ки дар як силсила ноҳияҳои Париж ва атрофи он ба амал омаданд, маҳкум менамояд», — омадааст дар изҳороти Пан Ги Мун.
Котиби генералии СММ Пан Ги Мун ба оилаҳои фавтидагон ҳамдардӣ изҳор карда, изҳори умед намуд, ки роҳбарони мамлакат «барои зуд ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорони амалҳои террористӣ тамоми корҳоеро, ки аз дасташон меояд, анҷом медиҳанд».
Изҳори ҳамдардии Олмон
«Ман аз хабарҳо ва наворҳои Париж сахт дар изтироб афтодам» — гуфтааст канслери Олмон Ангела Меркел. «Ҳоло фикру андешаи ман дар ин соатҳо танҳо ба наздикони қурбониёни амалҳои террористӣ ва сокинони шаҳри Париж банд аст» — таъкид кард Меркел.
Ҳукумати Олмон дар тамоси доимӣ бо Ҳукумати Фаронса қарор дорад ва ба онҳо изҳори ҳамдардӣ ва ҳамдилии шаҳрвандони Олмонро мерасонад, — омадааст дар изҳороти Ангела Меркел.
Изҳори ҳамдардии Австралия
Сарвазири Австралия Малколм Тернбулл вобаста ба амалҳои террористии бегоҳии рӯзи ҷумъа дар Париж ва музофоти атрофи он содиршуда ба кишвари Фаронса изҳори ҳамдардии амиқ намуд. Сарвазири Австралия дар ин бора дар муроҷиати телевизионии худ ба сокинони Автралия хабар додааст. Сарвазир Тернбулл зикр кард, ки бо мардуми Фаронса ва сокинони сарбаланди ҳамаи ҷаҳон дар муборизаи онҳо ба муқобили терроризм ҳамраъй мебошад. Сарвазири Австралия, ки бо сафари корӣ дар Олмон қарор дошт, қатъиян амалҳои террористии дар Париж содиршударо маҳкум карда, ба наздикону пайвандони ин амали мудҳиши террористӣ изҳори амиқи ҳамдардӣ намуд. Қаблан, вазири корҳои хориҷии Австралия Ҷули Бишоп амалҳои террористии дар Париж содиршударо «рӯзи сиёҳ барои мардуми Фаронса ва тамоми ҷаҳон» номид. Роҳбари умури хориҷи Австралия ба наздикону пайвандони қурбони амалҳои террористӣ изҳори ҳамдардӣ кард. «Мо намедонем, ки ин амалҳои нафратоварро, ки боиси қурбон шудани одамони бегуноҳ шуд, кӣ содир кардааст. Вале ин амалҳои мудҳиш нишонаҳои хос ба амалҳои террористиро, ки «Давлати исломӣ» ва созмонҳои ба он монанд чанде пеш содир карда буданд, ба худ доранд», — гуфт Бишоп. Номбурда изҳор кард, ки ҳоло дар Фаронса зиёда аз 2,5 ҳазор сокинони Австралия, ки дар хадамоти консулгарӣ номнавис шудаанд, қарор доранд. «Воқеан бошад, шояд дар Фаронса шаҳрвандони Австралия аз ин шумора ҳам зиёдтар бошанд», — гуфт вазири корҳои хориҷии Австралия.
Вокуниши Ҷопон
Вазорати мудофиаи Ҷопон фавран ва қатъӣ амалҳои террористии дар Фаронса содиршударо, ки боиси марги зиёда аз сад нафар гардид, маҳкум кард. «Мо ҳама гуна амалеро, ки дар натиҷаи он сокинони осоишта қурбон мешаванд, нобахшиданӣ мешуморем», -зикр кард роҳбари Вазорати дифои Ҷопон Гэн Накатани. Номбурда иттилоъ дод, ки ҳоло вазорати онҳо ба ҷамъоварии маълумоти зарурӣ оид ба ин ҳодисаи мудҳиш машғул мебошад.