Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум бахшида ба Рӯзи милитсия
Душанбе, 09.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 9-уми ноябр бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои вазорат ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ташкил шуд, ки дар он ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи марказ пешкаши харидорон гардиданд. Нархи меваю сабзавот, аз ҷумла себу ангур, ноку хурмо, пиёзу картошка, каду, караму сабзӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум: орд, равған, биринҷ, нахӯд, гӯшту тухм, асал, кабудӣ дар муқоиса бо нархи бозор 50 фоиз арзонтар буданд. Барои мисол нархи ҳама намуд сабзавот 1 сомонӣ, 1 кило гӯшт, асал — 20 сомонӣ, донагӣ 4 сомонӣ, як қуттӣ тухм 13 сомонӣ, 1 килограмм себу нок бо нархи 2 сомонӣ пешниҳод гардиданд.
Харидорон барои ташкили чунин ярмарка ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз иқдоми пешгирифта дар арафаи ҷашни касбии кормандони милитсия хушҳол гаштанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






