Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Вазорати энергетика ва захираҳои об ва USAID
Душанбе, 21.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 19 ноябр ба имзо расид, ки ба он вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва Директори амалкунандаи намояндагии USAID дар Осиёи Марказӣ Дэвид Браун имзо гузоштанд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати энергетикӣ ва рушди гуногунии энергия ҳамкорӣ намояд. Директори амалкунандаи намояндагии USAID ҷаноби Браун зикр намуд, ки: «USAID хеле хушҳол аст, ки ҳамкории мо ҷиҳати мусоидат ба ислоҳоти соҳаи саноати дохилӣ, аз ҷумла коҳиши бесамари амалиётӣ ва идора ва гузоштани саноати энергетикии дохилиро ба роҳи устувории молиявӣ ва амалиётӣ ба расмият даромад».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин вақт аллакай якчанд қадами муҳимро дар роҳи беҳтаргардонии идораи соҳаи энергетика дар натиҷаи татбиқи тавсияҳои ширкати «Корпорэйт Солюшнз», ки аз ҷониби Бонки Рушди Осиё (БРО) сарпарастӣ мегардид, гузоштааст. Мушовирони USAID бо ширкати «Корпорэйт Солюшнз» барои мусоидат ба татбиқи бозсозии сохтори Барқи Тоҷик ва дастгирии ин барномаи аз ҷониби БРО дастгириёбанда ҳамкорӣ хоҳанд намуд.
Имзои Ёддошти тафоҳуми мазкур ташаббуси наверо барои ҳамкорӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон бо ҳамроҳ намудани Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкати Барқи Тоҷик дар доираи лоиҳаи USAID «Энерҷи линкс» роҳандозӣ менамояд. Тавассути лоиҳаи «Энерҷи линкс» USAID тасмим дорад ба вазорат кумаки техникию хизматрасониҳои машваратӣ ва доираи васеи барномаҳо барои такмили иқтидор баҳри таъмини дастгирӣ ҳам ба вазорат, ҳам ба «Барқи Тоҷик» расонад.
Директори амалкунандаи намояндагии USAID ҷаноби Браун ҳамчунин изҳор дошт: «Мо таъсиси низоми самараноку устувор ва бозаргониро барои идораи захираҳои неруи барқ ва оби фаромарзӣ дастгирӣ менамоем. Он ба ҷалби сармоя ба инфрасохтори энергетикии миллӣ ва минтақавӣ ва ҳамчунин тавсеаи тиҷорати неруи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва миёни Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳамҷавор кумак менамояд».
Ҳукумати ИМА тавассути USAID инчунин Котиботи лоиҳаи хатти интиқолии «CASA-1000»-ро дастгирӣ менамояд. Захираҳои Тоҷикистон барои таъмину интиқоли неруи барқ барои муваффақияти ин лоиҳа ва дар навбати худ барои лоиҳаи «CASA-1000» барои рушди минбаъдаи иқтидори Тоҷикистон дар фурӯши неруи барқ на танҳо ба Осиёи Марказӣ, балки ба Осиёи Ҷанубӣ низ аҳамияти калидӣ дорад. Ин талоши бозорӣ барои тавлиди даромади зарурӣ ва роҳҳои алтернативӣ барои таъмини неруи барқ имкониятро фароҳам меоварад, ки он норасоии неруи барқро, ки эҳтимолан Тоҷикистон дар оянда дучор мешавад, пешгирӣ кунад.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






