Зебо Аминова “Омӯзгори сол”-и вилояти Суғд эълон гардид
Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Зебо Аминова ғолиби озмуни “Омӯзгори сол”-и вилояти Суғд эълон гардид. Даври ҷамъбастии озмун бо ширкати 6 нафар ғолиби даври аввали вилоятӣ — Хусрав Усмонов, омӯзгори МТМУ №90-и шаҳри Панҷакент, Нилуфар Аҳмедҷонова, омӯзгори гимназияи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, Зебо Аминова, омӯзгори литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Муяссар Қориева, омӯзгори МТМУ №54-и ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров, Заррина Баротова, омӯзгори литсейи №1-и шаҳри Конибодом ва Парвиз Дониёров, омӯзгори МТМУ №15-и ноҳияи Зафаробод дар мактаби болаёқати деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид.
Муаллимон аз рӯи ду шарт- саволу ҷавоб ва муаррифии таҷрибаи кори худ байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамаи иштирокдорон маҳорати баланди дониш ва суханварӣ нишон дода, дар ду шарт ширкати фаъолона доштанд. Бо назардошти он ки омӯзгори фанни математикаи литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникӣ Зебо Аминова ҳам дар бахши саволу ҷавоб ва ҳам дар мавриди муаррифии таҷрибаи кори худ хеле фаъол буд, бо ҳамовозии ҳайати ҳакамон ғолиби мутлақ дониста шуд. Мақоми дуюмро омӯзгори фанни забон ва адабиёт Муяссар Қориева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуд. Ду ҷойи сеюм насиби омӯзгорон аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Зафаробод гардид.
Ёддовар мешавем, ки озмуни “Омӯзгори сол ” чор рӯз идома ёфта, аз 18 нафар ширкаткунанда танҳо 6 нафар ба даври ҷамъбастӣ роҳхат гирифтанд. Акнун шарафи дастаи вилояти Суғдро дар озмуни “Омӯзгори сол”-и ҷумҳуриявӣ барандаи ҷоизаи раиси вилояти Суғд, “Омӯзгори сол”-и вилоят, муаллифи чандин китобҳои дарсӣ Зебо Аминова ҳимоя хоҳад кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






