30 сокини Нигерия қурбони ҷангиёни «Боко Ҳарам» гардид
Душанбе, 16.12.15. (АМИТ «Ховар»). Силоҳбадастони гурӯҳи террористии «Боко Ҳарам» — и «Музофоти Африқои Ғарбии ДИ» ба се деҳаи қисми шимолу шарқии Нигерия ҳамла оварда, 30 нафарро кушта, 20 нафарро бо корд захмӣ карданд.
Ҳамла 12 декабр оғоз ёфта бошад ҳам, дар бораи он дер хабар дода шуд: террористон ҳангоми ҳамлаҳои пештара деҳаҳоро аз мухобира маҳрум сохтанд, хабар медиҳад РИА Новости.
Гурӯҳи «Боко Ҳарам», ки моҳи марти соли 2015 ба «Давлати исломӣ» пайваста буд, дар шимолу шарқи Нигерия амал мекунад. Силоҳбадастон мунтазам амалиёти террористӣ содир намуда, онро ҷавоб ба маъракаи харбии зидди Нигер, Камерун ва Чад маънидод мекунанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






