5091 нафар корҷўй дар ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд

Декабрь 31, 2015 10:05

Душанбе, 31.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои пешниҳод намудани ҷойҳои кории холии арзанда ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод, таҳким ва рушди фаъолияти фардии меҳнатӣ, ба тайёрии касбӣ ва бозомўзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва ташкили корҳои муздноки ҷамъиятӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардид.
Дар соли 2015 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 111 844 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 71939 нафари онҳо ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, ба 49 867 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 37937 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2869 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3846 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.
Дар асоси 229 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилот 5323 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 18 397 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Ба 9839 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 694 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 5091 нафар корҷўй дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 5147 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд ва 1561 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 28 982 шаҳрванд хизматрасонии касбӣ расонида шуд.
Ҳамин тавр, дар соли 2015 иҷрои нишондиҳандаҳои барнома ба андозаи 117,9 фоиз таъмин гардида, маҷмўан ба 183 242 нафар шаҳрванд хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом расонида шуд.

Декабрь 31, 2015 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад